Дар кишвари мо ҳосили писта бо кумаки аҳолӣ тариқи қарордод дастӣ ҷамъоварӣ мешавад.

Директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон Азизулло Исматзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки имсол дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии тақрибан 103 тонна ҳосили писта дар назар аст, ки дар муқоиса бо солҳои пешин нисбатан камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ аз як дарахти писта 5-7 кило ҳосили писта гирифтан имкон дошта, дар Тоҷикистон ҳосили онро бо кумаки аҳолӣ тариқи қарордод дастӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

«Дар доираи лоиҳаи дастгиришуда аз ҷониби бонки олмонии KFW дар хоҷагиҳои ҷангали озмоишии ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ванҷ ва ВМКБ 688 га майдони нави ҷангал бунёд ва дар онҳо ҳудуди 750 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида шудааст, ки миёни онҳо писта низ хеле зиёд аст, — гуфт ӯ. — Ин дарахт баъди 6-7 сол ба ҳосил даромада, пас аз 10 сол аз он метавон даромад ба даст овард».

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои дигар, ҳосилнокии миёнаи писта дар Тоҷикистон 70-80 кг/га-ро ташкил медиҳад, ки аз нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ хеле камтар аст. Дар Эрон, Юнон, ИМА, Туркия ва дигар кишварҳо аз 1 гектар ба ҳисоби миёна 1-2 тонна ҳосили писта ҷамъоварӣ мешавад.

news.tj