Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба деҳқонони ҷумҳурӣ харидории техникаи кишоварзии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-ро тавсия медиҳад.
Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Вазорати кишоварзии ҶТ қайд мешавад, ки моҳи майи соли ҷорӣ «Тоҷикагролизинг» аз Русия ба ҷумҳурӣ 15 адад комбайнҳои ғалладаравии тамғаи «Нива-Эффект» ворид кард.
«Хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ метавонанд, тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) бо пешпардохти 30 фоизи нархи аслӣ комбайнҳои мазкурро харидорӣ намоянд», — зикр мегардад дар маълумоти Вазорат.
Ёдрас мекунем, ки чане қабл ширкати “Ростселмаш”-и Русия баъди ғолибият дар тендери давлатӣ аввалин комбайнҳои ғалладаравро ба Тоҷикистон ирсол кард, ки ин комбайнҳо имсол бо пуштибонии “Тоҷикагролизинг” ба даст оварда шуд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қаблан КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар бораи харидории 20 адад комбайнҳои ғалладарави навъҳои «Палессе GS812» ва «Нива эффект» аз корхонаҳои «Гомселмаш» (Беларус) ва «Ростселмаш» (Русия) низ иттилоъ дода буд.
«Комбайнҳои ғалладарав бар асоси лизинг ба муҳлати 6 сол бо пешпардохти на камтар аз 30%-и арзиши аслӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода мешаванд», — қайд гардида буд дар маълумоти корхона.