Тӯли 11 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ба 4,7 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,8%-ро ташкил дода буд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон чун моҳҳои пешин тамоюли тағйирёбии муътадили худро идома дода, ба 0,6 фоиз баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфт.
Гуфта мешавад, таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби қиматшавии нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 0,3 фоиз ва ғайриозуқа 1,5 фоиз ба амал омада, арзиши хизматрасониҳои пулакӣ дар моҳи ноябр 0,4 фоиз паст гардид.
Қайд мешавад, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ вобастагӣ дошт.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 5,2 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ камтар мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда таваррум дар сатҳи 7% пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум дар соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.
Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.