Ҳамкорон, шарикон ва дӯстони азиз,
Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем.
Ба ин муносибат Нексигол Мушовир ва нашрияи Агроинформ.Тҷ бо ин рӯзи Саид ҳамаи Шуморо табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд бароятон хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ, умри дароз, хушиҳои зиндагӣ, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу пурбаракатро орзу менамояд.

Иди Саиди Фитр муборак бошад!
Аҳли кормандони Нексигол Мушовир