Рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси ш. Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир”, ки Шартномаи ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба имзо расонида буд, ба ҷаласа таклиф шуда, фаъолияти худро барои иштирокчиёни Шӯрои машваратӣ баррасӣ намуд.
Оид ба фаъолияти Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” саволҳо муҳокима гардидан ва бо нақшаҳои кории ташкилот иштирокчиён шинос гардиданд.
Мувофиқи шартномаи ҳамкории худ Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” дар ноҳияи Кӯлоб Маркази омӯзишӣ намоиширо ташкил мекунад, ки дар он тухмиҳои навъҳои нав, дорувориҳо ва дигар воситаҳои истеҳсол омӯхта, намоиш дода мешаванд. Инчунин дар марказ ташкили намудҳои гуногуни гармхонаҳои ба нақша гирифта шудааст, ки барои рушди хоҷагии қишлоқ дар тамоюли дигаргунии иқлим самараи зиёдеро хоҳад овард.
Дар натиҷа аз тарафи Раиси ш. Кӯлоб пешниҳод гардид, ки Сарвари иҷроияи ТҶ “Нексигол Мушовир” Сулейманова Маҳинахон ба ҳайати Шӯрои Машваратии назди Раиси ш. Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дохил карда шавад ва аъзоёни Шӯро пешниҳоди Раиси ш. Кӯлобро дастгирӣ намуд.
Ташкилоти Ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” фаъолияти худро дар вилояти Хатлон бо пешомади хуб оғоз намуда, саъю кӯшиши худро барои рушди хоҷагии қишлоқ равона менамояд.
Файзуллоева Ш.И.
Бизнес-мушовири ТҶ “Нексигол Мушовир”