18 августи соли 2021, Душанбе– Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар ҳамкории зич бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба кишоварзони аз обхезӣ зарардида дар қисмати ҷанубу ғарбии кишвар тухмии лӯбиёи сафед, мош, ҷуворимакка, сабзӣ ва бодиринг дастрас намуд.
Ин дастгирии муҳим барои ҳифзи даромади хонаводаҳои осебпазири деҳот бо мақсади барқарорсозии фаврии истеҳсолоти кишоварзӣ, ки аз обхезӣ ва сел дар соли 2021 зарар дидаанд, нигаронида шудааст. Ба шарофати дастгирии таъҷилии ФАО, шахсони зарардида барои истеҳсоли маҳсулоти озуқавории зарурӣ, гирифтани даромади муайян аз мавсими дуюми ҳосил ва афзоиши муқовимат ба зарбаҳои ояндаметавонанд дорои захираву имкониятҳо гарданд.
Ташаббуси мазкур зиёда аз 787 хонавода ва тақрибан 312 хоҷагии кишоварзиро (инфиродӣ ё оилавӣ), ки 850 гектар заминҳои корамро дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва А. Ҷомии вилояти Хатлон коркард мекунанд, фаро гирифт.
Сар карда аз моҳи марти соли 2021 дар кишвар як қатор ҳодисаҳои экстремалии обу ҳаво, аз ҷумла тағирёбии якбораи ҳарорат, давраҳои гармии шадид ва сардиҳо дар фасли баҳор ба амал омаданд, ки дар натиҷа ба талафоти пурра ё қисмани ҳосили сабзавотҳои барвақтӣ ва дарахтони мевадиҳанда оварда расонданд.
Илова бар ин, дар аввали моҳи май дар натиҷаи силсилаи обхезиҳо ва селҳо киштзорҳо, чарогоҳҳо ва чорво талафот ёфтанд, хонаҳо ва дигар иншоотҳо хароб шуда, ноҳияҳои сераҳолии вилоятҳои Хатлон ва Суғд зарари ҷиддӣ диданд.
«Дарҳол пас аз рух доданим офатҳои табиӣ дар Хатлон, ФАО дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои СММ ҳайатро барои арзёбии вазъ ва муайян кардани осебпазиртарин узви ҷомеаҳои деҳот, ки ҳосили худро аз даст доданд, ташкил намуд», — таъкид намуд Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. «Дар Тоҷикистон қисмати зиёди оилаҳои деҳот аз соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи маҳсулоти озуқаворӣ ва васоити даромад вобаста ҳастанд. Аз ин рӯ, ҳадафи ФАО фаро гирифтани аҳолии осебпазир мебошад ва кумак ба табақаҳои осебпазири ҷомеа ва оилаҳоро дар барқарорсозии васоити даромади онҳо идома хоҳад дод.»
«Обхезӣ моро аз васоити даромад маҳрум кард ва зироатҳои моро комилан шуста бурд. Аз сабаби норасоии захираҳо барои кишти дуюмбора мо имкони хариди тухмии сабзавот ва лӯбиёгиҳоро надоштем», — мегӯяд Сарварбӣ Шарифова, кишоварз аз деҳаи Зиракии ҷамоати Зиракӣ, шаҳри Кӯлоб. «Ман аз ФАО барои дастрас кардани тухмии хушсифат хеле миннатдорам.»
Дар солҳои охир офатҳои табиӣ бештар ба деҳот ва некӯаҳволии мардум таъсир мерасонанд ва инфрасохторро хароб мекунанд. Кишвар ба тағирёбии иқлим ва офатҳои экологӣ, аз қабили обхезӣ ва сел, ки босуръат меафзоянд, осебпазир аст.
Ин баҳор обхезӣ ва сел тақрибан 6188 га замини корам, чорво ва дигар инфрасохтор, инчунин асбобҳои рузгорро шуста бурд.
Ин фаъолият як қисми лоиҳа оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва вокуниш ба бӯҳронҳои сершумор дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби Барномаи ҳамкории техникии ФАО маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳа баҳри таъмини васоити зиндагӣ, ғизо ва амнияти озуқавории аҳолӣ равона карда шудааст.
fao.com