Дар моҳи июл бояд кишти такрорӣ давом дода шавад. Инчунин, коркарди байни қаторҳо, тоза кардан аз алафҳои бегона, обёрӣ ва ғизодиҳӣ мебошад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л/га+1,0 л/га Оракул мкс (Агровитамини У-9 1,5 л/га, ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг/га, Оракул мкс 1,0 л/га ё Coda micro 0,5 л, Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codafol 150 1,0 л/га якҷоя бо 300-400 л/об истифода бурдан зарур аст. Аз ин маводҳо фақат яктояш истифода бурда мешавад. Дар давраи нашъунамо фосилаи байни коркард 10-15 рӯз буда, 2-3 маротиба гузаронида мешавад, ки ин маводҳо барои афзоиши ҷуворимакка ва калоншавии танаи он мусоидат мекунад.
Коркард бо мақсади мубориза бар зидди зараррасонҳо 2 маротиба гузаронида мешавад: 1-ум коркард дар вақти 5-7 барг пайдо шудан, 2-юм коркард ҳангоми қади зироат 45-50 см будан: кирми тирамоҳӣ, гӯсоласар, парвонаи ҷуворимакка бо маводи Нурелл Д 0,5 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Талстар 0,5 л/га, Аваунт 0,45 л/га, Индоксакарб 0,450 л/га, Каратэ 0,4 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда пошидан тавсия дода мешаванд. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед. Ғизодиҳии асосӣ (ҳосилхезии хок ва таҳлили хокро ба назар гирифта) N 180 кг, P 120, K 60 кг (моддаи таъсирбахш) тавсия дода мешавад.