Корҳои зарурии иҷрошаванда барои юнучқа дар моҳи июл, ин дарави навбатӣ, обёрӣ, ғизодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳо мебошад. Барои мубориза бар зидди зараррасони Фитономус аз маводи Каратэ 0,4 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Десис 10% 0,1-0,15 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 55% к.э 0,5 л якҷоя бо 300 литр об омехта карда, маҳлулро 20 рӯз пеш аз дарави юнучқа пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5 л+1,0 Оракул мкс ва ё Codafol 8-11-3 0,7 л/га, Codamin 2,0 л/га, Вайкир мкс 1,0 кг, Табак 2 кг/га, Алгора 1,5 кг/га (барои 1 га якҷоя бо 200-300 л об омехта) ба массаи кабуд пошед, ки чорабинӣ барои афзоиши юнучқа таъсир мерасонад ва ҳосилнокиро баланд мегардонад. Агар дар киштзори юнучқа алафи карантинии зардпечак пайдо шавад, бо гербитсити Пивот 1,0-1,5 л/га (барои 1 га якҷоя бо 200-300 л об омехта) 7-10 рӯз баъди дарав пошидан мумкин аст. Ғайр аз зардпечак ин гербитсит алафҳои сӯзанбаргиро несту нобуд мегардонад.