Дар моҳи июл мавсими ҷамъоварии ҳосили пешпазаки нок, тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, даровардани ғизоҳо мебошад. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии Сӯхтаи бактериявӣ (Бактериалный ожог), зараррасони Асалак (Медяница) дошта бошад, дар давраи нашъунамо бо фунгитсиди Косайд 2 кг+Актеллек 2 л (Данадим Эксперт 2 л) якҷоя бо 1000 л об маҳлул омода карда пошидан тавсия дода мешавад. Ҳангоми калоншавии мева касалиҳои қутурак (парша), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) пайдо шуданаш аз мадди назар дур нест, аз ин лиҳоз бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л, ё Топсин 70 М 1,0 кг бо 800-1000 л/об омехта карда пошидан тавсия дода мешавад. Барои зараррасонҳо бошад, бо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л ё Малатион 57% 0,5 л якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои калоншавӣ ва босифат шудани меваҳо, пошидани Агровитамин 2,0 л+Оракул мкс якҷоя бо 800-1000 л/об, Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир МКС 1,0 кг якҷоя бо 800-1000 литр об омехта карда аз барг пошидан тавсия дода мешавад. 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил пошидани заҳрдоруҳо манъ карда шавад.