Барои токзор дар моҳи июл даровардани нуриҳои минералӣ, обёрӣ, коркарди кимёвӣ ва тоза кардани ҷӯйборҳои ангурзор аз алафҳои бегона муҳим мебошанд. Ғизодиҳӣ аз барг натиҷаҳои хуб медиҳад. Барои афзоиши ангур дар вақти нашъунамо Агровитамин У 9 1,0л, 0,5л Codafol 8-11-3, 1-2 л Codamin 150, Оракул мкс 1,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Вайкир синк 1 кг якҷоя бо 800-1000 л об омехта карда, аз барг пошидан тавсия дода мешавад. Дар хотир доред, ки аз ин моддаҳо фақат яктояшро истифода баред. Агар дар дохили ангурзор кирми ордакмонди ангур бошад, бар зидди ин зараррасон инсектоакаритсити Актеллик 2 л (ё Данадим эксперт 2 л) якҷоя бо 1000 л об маҳлул карда, ба навдаҳо ва танаи ангур, то гардани реша коркард карда, гирду атрофи решаро тоза ва побел кардан тавсия дода мешавад. Ба касалииҳои ангур, аз ҷумла Антракноз, Оидиум, Гардзании ордак — 2, 0 кг Косайд фунгитсид (ё Ридомил голд 0,8 кг) якҷоя бо 1000 л об пошидан тавсия дода мешавад. Инчунин, заҳрдоруи Импакт 25% 100-150 мл, Фоликур 22,5 % 300 мл, Топаз 10% 300мл, Топсин- М 70% 1,0 кг, Тиовит Джет 80% 6 кг истифода бурдан мумкин аст. Бар зидди зараррасонҳои кирми хӯша (Гроздевая листовертка), Тортанакканаҳои боғ яке аз ин заҳрдоруҳо, яъне Арриво 25% 0,26-0,38 л, Каратэ Зеон мкс 0,5 л, Десис 2,5% 0,4-0,6 л якҷоя бо 1000 литр об истифода бурдан тавсия дода мешавад. Истифодабарии ин заҳрдоруҳо 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил қатъ карда мешавад. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.