Дар моҳи май дарав кардани юнучқа, обёрӣ, ғизодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳо гузаронида шавад. Барои мубориза бар зидди зараррасонҳо Фитономус аз маводи Каратэ 0,4 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Десис 10% 0,1-0,15 л/га, Талстар 0,6 л/га, Нурел Д 55%к.э 0,5 л якҷоя бо 300 л/об омехта карда, маҳлулро (20 рӯз пеш аз дарави юнучқа) пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг якҷоя бо Агровитамини У-9 0,5 л+0,5 л/га Coda micro, ё Codafol 8-11-3 0,7 л, Codamin 2,0 л, Вайкир мкс 1,0 кг, Оракул мкс 1,0 (барои 1 га бо 200- 300 л об омехта) ба барг мепошанд, ки ин маводҳо афзоиши юнучқаро хуб карда, ҳосилнокиро баланд мекунанд. Дар майдони юнучқа алафи карантинии зардпечак пайдо шавад, гербисити Пивот 1,0-1,5 л/га (барои 1 га бо 200-300 л об омехта) 7-10 рӯз баъди дарав пошидан мумкин аст. Ин гербисит ғайр аз зардпечак алафҳои сӯзанбаргро низ нобуд мекунад.