Бахмалгул-Tagetes L., номи русии ин растанӣ «бархатцы» мебошад. Ин гули ороишӣ яксола ва бисёрсола буда, ба оилаи мураккабгулон дохил мешавад. Пайдоиши ин растанӣ аз Амрико мебошад, намудҳои худрӯи он дар Мексика, Аризона то Аргентина мерӯянд. Аз он ҷой дар асри XVI ба Испания, дертар ба тамоми Аврупо, Россия ва Осиё паҳн гаштааст. Дар Олмон ин растаниро «мехчагули туркӣ» меноманд.
Ба гулпарварон наздик 60 намуди бахмалгул маълуманд, аз байни онҳо се намудаш бештар паҳн гардидааст:
- бахмалгули ростқомат (Tageteserecta) ё худ африкоӣ. Намояндаҳои ин намуд бузургҷусса буда, то 130 см баланд мешаванд, гули онҳо асосан якранга мебошад;
- бахмалгули пастқомат (Tagetes patula) ё худ фаронсавӣ, қомати ин намуд одатан на баланд аз 60 см мебошад;
- бахмалгули маҳинбарг (Tagetes tenuifolia) ё худ мексикоӣ, намояндаҳои ин намуд баргҳои хело маҳин ва кушоди пармонанд, гулҳои бисёри майда доранд.
Ин намуди бахмалгулро асосан дар қади сарҳадҳои роҳгард ва тубакҳо мешинонанд, баландии ин намуд аз 40 см баланд намешавад.
Танаи бахмалгул вобаста ба намуду навъҳояш аз 20 то 130 см баланд мешавад. Патакреша мебошад. Баргҳояш пармонанди рез-реза буда, дар атрофитана пайи ҳам ва ё рӯбарӯ ҷойгиранд. Хӯшагулаш сабадча буда, оддӣ ва ё террии махмалӣ аст. Ранги гулҳо зарди равшан, норинҷӣ, зарди тиллоранг, ҷигарӣ ва ҷигарранги сурхтоб мебошад. Қутри хӯшагулаш аз 1 то 6 см мебошад, аз моҳи июн то сар шудани хунукиҳои аввалин мунтазам гул меоварад. Тухмаш мехмонанди борики сиёҳ ва ё қаҳваранги тира мешавад. Вазни 1 г тухмиаш вобаста ба навъҳо то 700 дона шуданаш мумкин, қобилияти сабзишашро то 2-3 сол гум намекунад. Гулҳояш ниҳоят зебо ва хушбӯй мебошанд. Дар бисёр шаҳрҳои Ҳиндустон бахмалгулро дар боғу хиёбонҳо, назди ҳавлиҳо мепарваранд ва аз гули он чанбаргулҳо сохта, ба гардани соҳибҷашн меовезанд. Инчунин дар маросимҳои динӣ, иду тӯйҳо ҳама гирду атрофи биноҳоро бо ин гули зебою хушбӯй оро медиҳанд.
Бахмалгул дар заминҳои хокаш гуногун нашъунамо ёфта метавонад. Бисёрии навъҳои боғии он дар хокҳои қабаташ шағали майдадор нағз ривоҷ меёбад ва ба хушкиҳои кӯтоҳмуддат, ҷойҳои нимсоя тоқат карда метавонад. Дар соҳаи гулпарварӣ одатан баъзе намудҳои ороишии навъҳои дурагакардаи онро бештар истифода мебаранд. Хӯшагули навъҳои бахмалгул аз ҳам аз ҷиҳати сохти гулбаргҳояш фарқ мекунад. Навъҳои мехчагулмонанди он, ки гулҳои забончадор доранд, аз навъҳои калонҳаҷми хризантемашакл фарқ мекунанд.
Аз сабаби дар таркиби баргу гули бахмалгул бо миқдори зиёд вуҷуд доштани равғани эфир, флавоноидҳо, фитонсидҳо, витаминҳо инчунин, микро ва макроэлементҳо онро дар тибби халқӣ истифода мебаранд. Доруҳои аз ашёи бахмалгул тайёркарда фаъолияти ҷигар ва ғадуди зери меъдаро беҳтар менамоянд, дарди панкреатитро суст мекунанд, инчунин барои баланд шудани миқдори қанд дар таркиби хун монегӣ мекунанд. Ба ғайр аз ин гули бахмалгулро бар зидди касалиҳои вирусӣ истифода мебаранд. Ҳангоми сар шудани касалии сирояткунандаи зуком (грипп) якчанд гулбарг аи бахмалгулро бо чою асал истеъмол намоянд шифо мебахшад. Инчунин ҷӯшоби онро бар зидди паразитҳои рӯдаю меъда истифода мебаранд. Агар касалони гирифтори гаймариту бронхит 5-то хӯшагули бахмалгулро майда карда, ба чойники нимлитра то ҷумакаш бо оби ҷӯшон чой карда, ҳар рӯз бо даҳон ҳавояшро нафас кашида, аз бинӣ бароранд, дар давоми 10-12 рӯз наҷот меёбанд. Обҷӯши бахмалгул хунро тоза менамояд, онро инчунин барои муолиҷа намудани касалиҳои шамолхӯрда, стоматит, астма истифода мебаранд. Барои тайёр намудани обҷӯши бахмалгул ба болои як қошуқи ошӣ хӯшагули майдакардашуда як литр оби ҷӯшон мерезанд. Пас аз се соат обҷӯшро аз дока гузаронида, ҳар рӯз ним соат пеш аз хӯрок 200 г дар давоми як моҳ истеъмол менамоянд. Ба касалони асабӣ ва рӯҳафтодашуда мутахассисон қабул кардани ҳаммоми бо обҷӯши хӯшаи бахмалгул пуркардашуда тавсия додаанд, ки ин фаъолияти кори системаи асабро мӯътадил менамояд, ғаму ташвишҳоро дур мекунад. Дар Мексика баргҳои онро ҳангоми табларза, кахексия, қабзият ҳамчун даво барои рондани пешобу арақ истифода мебаранд. Дар Амрико бо бахмалгул на танҳо боғу кӯчаҳоро оро медиҳанд, онро дар соҳаи тибб ҳамчун гиёҳи шифобахш васеъ истифода мебаранд.
Лаззатбахши таомҳо ва консервҳо
Дар баъзе мамлакатҳои Аврупо ва Амрикои Лотинӣ гулҳои хушконидашудаи бахмалгулро ҳамчун болаззаткунандаи хӯрокҳо истифода мебаранд. Дар Россия ва Қафқоз онро баъзан ба ҷои шафран истифода мебаранд, ба ҳар хел хӯрокҳо, маринадҳо, сирко ва хамир ҳамроҳ менамоянд. Дар якчанд вилоятҳо бахмалгулро ба ҷои чой истифода мебаранд. Дар Фаронса бахмалгулро дар боғҳои махсус истеҳсол менамоянд, чунки талаботи муассисаҳои хӯрокворӣ нисбат ба ин растанӣ калон мебошад. Агар ба таркиби маринад якчанд барги бахмалгулро ҳамроҳ намоем, сабзавоти консервашударо хушбӯй, болаззат ва дар муддати дароз чандирии онро нигоҳ медорад, алалхусус, бодиринг чарс мешавад.
Бар зидди ҳашарот ва касалиҳои растаниҳо
Решаи бахмалгул аз худ моддаи тиофен ҷудо менамояд, ки қобилияти антибактериявӣ дорад, аз ин сабаб онро дуртар аз растаниҳои ба оилаи лӯбиёгиҳо тааллуқдошта, бояд ҷойгир кард, то ки лӯндакҳои азотобактерияи фоидаовари растаниҳои лӯбиёгиро нобуд накунад. Бӯи махсуси баргу тана ва гули бахмалгул ҳашаротҳои зараррасонро аз худ дур мекунад. Ин хислати онро деҳқонон ба эътибор гирифта, дар гирду атрофи зироатҳои сабзавотӣ қатор мешинонанд, ки дар натиҷа ҳуҷуми ҳашароти зараррасон хело кам мешавад. Ин бӯи махсус аз решаи бахмалгул дар қабати замин низ ҷудо мешавад, ки дар натиҷа касалиҳои бактериявӣ ва занбӯруғии атрофи растанӣ нобуд мегарданд. Бинобар он шинонидани кӯчати бахмалгулро ҳамчун муҳофизаткунандаи табиӣ дар гирду атрофи кишти сабзавот тавсия дода шудааст. Аз далелҳо маълум шудааст, ки гӯё шинонидани бахмалгул дар байни кишти картошка зараррасони ашаддӣ – нематодаи картошкаро нобуд мекардааст.
Тарзи парвариш
Барои парвариш намудани бахмалгул мо бояд аввало кӯчати онро тайёр намоем. Барои иҷрои ин кор аввали баҳор баробари ҳарорати ҳаво 14-150С гарм шудан тухми бахмалгулро дар замини кушоди на он қадар калон (1-2 м. кв.) дар масофаи байни тухмиҳо 1,5-2 см корида, аз болояш 0,5-1 см бо омехтаи қуму пору рӯйпӯш намуда, бо обпошак обёрӣ мекунем. То сабзида баромадани тухмӣ заминро мӯътадил нам нигоҳ медорем. Тухми бахмалгул дар давоми як ҳафта сабзида мебарояд. Пас аз 2-3 ҷуфт ба амал омадани баргҳо онҳоро оҳиста кӯчат карда, ба ҷои доимиашон дар масофаи 15-20 см яктогӣ ба чуқуриии 5-6 см мешинонем. Агар хоҳед, ки бахмалгул зудтар авҷ карда, гул кунад, метавонед тухмиро барвақттар аввалиҳои моҳи март дар қуттиҳо корида, дар шароити хона парвариш карда, кӯчатро тайёр намоед. Дар ин ҳол кӯчатҳои калоншударо 5-6 рӯз ба рӯшноӣ одат кунонида, пас ба замини кушод ба ҷои доимӣ шинонидан лозим аст. Аввали баҳор яке хавфи хунук шудани ҳаво маълум бошад, бо муддати кӯтоҳ рӯи растаниҳоро бо плёнка рӯйпӯш кардан лозим аст. Бахмалгул ҷои офтобиро дӯст медорад. Намии аз ҳад зиёдро бад мебинад ва дар ин ҳол суст тараққӣ карда, ҳатто гул намекунад. Ҳарорати беҳтарин барои нағз тараққӣ ёфтани он 22-300С мебошад. Агар намӣ ва пору зиёд дода шавад, растанӣ сербаргу шох шуда, дер ба гулбандӣ медарояд. Барои нағз ривоҷ ёфта, саросар гул кардани бахмалгул дар давоми нашв бояд се маротиба озуқаи минералӣ дода шавад. Озуқаи якуминро баробари 8-10см қад кашидани растанӣ додан лозим аст. Барои ин маҳлули карбамид ё худ мочевинаро аз ҳисоби як қошуқи ошӣ ба 10 литр об тайёр намуда, ба ҳар 1 м кв. 2-3 литр озуқа додан лозим аст. Озуқаи дуюминро дар мавриди ба вуҷуд омадани кӯракҳои аввалин ва озуқаи саввуминро дар айни саросар гулбандӣ аз ҳисоби ду қошуқи ошӣ аммофос ба 10 литр об ҳал намуда, ба ҳар 1 м кв. 2-3 литр озуқа додан мувофиқи мақсад аст. То растанӣ ба кӯрак шурӯъ намудан, обёрӣ бояд мӯътадил гузаронида шавад. Пас аз он ки растанӣ ба воя расида, ба гулбандӣ медарояд, бояд миқдори об зиёд набошад, яъне аз ин обёрӣ то обери оянда рӯи замин бояд камтар хушк шавад, чунки аз нами зиёд решаҳои бахмал гул напӯсанд. Дар фасли тобистони гарм обёрӣ шабона ва ё саҳар гузаронида шавад, хуб аст. Алафҳои бегона бояд сари вақт хишова карда шаванд ва замин доим нарм бошад. Агар хоҳед, ки дар фасли зимистон бахмалгул хонаи шуморо оро диҳад, тухми онро дар тубакчаҳо охирҳои моҳи октябр корида, дар назди тиреза, ҷои равшан парваред.
Акбар Мухамедов