Барои юнучқа бояд обёрӣ, ғизодиҳӣ ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон гузаронида шавад. Маводи тавсияшаванда барои мубориза бар зидди зараррасонҳо ин Фитономус, Каратэ 0,4 л/га, ЭНЖИО 0,2 л/га, Десис 10% 0,1-0,15 л/га, Талстар 0,6 л/га якҷоя бо 300 л об омехта карда, 20 рӯз пеш дарави юнучқа маҳлулро пошидан тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин 0,5 л +1,0 л Оракул МКС ё CODA мкс 0,5 л 200-300 л, CODAFOL 150 1,0 л/га якҷоя бо 300 литр об омехта карда пошидан лозим аст, ки ин мавод барои афзоиши юнучқа ва ҳосилнокии он таъсири мусбат мерасонад.