Моҳи март барои боғи себ тоза кардани ҷӯйборҳо, нарм кардани байни қаторҳо, сафед кардани танаи себ, даровардани нурӣ (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) бояд гузаронида шавад. Барои як гектар боғи ҳосилдиҳанда даровардани 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) тавсия дода мешавад. Нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулшукуфоӣ ба нақша гиред. Нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мавриди истифода ҳатман бояд бо хок омехта карда шаванд. Дар заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими захирашавии намии хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад.
Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, яъне касалии сӯхтаи бактериявӣ (бактериалный ожог), зараррасони асалак (медяница) дошта бошад, то бедоршавии муғчаҳо бо фунгитсиди Косайд 2 кг + Актеллек 2 л + равғани Ариа 80% 30 л якчоя бо 1000 л об маҳлул омода карда, пошидан тавсия дода мешавад. Дар давраи муғчабарорӣ бар зидди зараррасони гулхӯрак инсектисити Калипсо 0,18-0,3 л бо 600-1000 л об омехта, бар зидди касалии сӯхтаи бактериявӣ пеш аз гулкунӣ инсектисити Касумин 3-4 л бо 600-800 л об омехта карда, ҳатман истифода бурдан тавсия дода мешаванд. Пеш аз гулкунӣ, барои пешгирии касалиҳои қутурак (парша), гардзанӣ (ордак), пӯсиши мониалӣ (монолиоз) бо фунгисидҳои Хорус 0,3 кг ё Скор 0,2 л бо 1000 л об омехта, барои зараррасонҳо инсектисити Каратэ 0,6-0,8 л/га якҷоя карда коркард кардан тавсия дода мешавад. Барои нағз гардолушавии гулҳо пошидани Coda B-Mo 200-250 мл якҷоя бо 100 л об омехта карда истифода баред. Нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулшукуфоӣ ба нақша гиред. Обёриро бо шароити минтақа ё зарурат гузаронед.