Барои боғи зардолу корҳои тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, даровардани нуриҳо (NPK, агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил моҳи июл ва август надароварда бошед) тавсия дода мешавад. Барои муҳофизат аз ҳашарот сафед кардани тана (штамб) бо оҳак (2кг оҳак+1 кг хоки тоза+1 кг поруи гов, (50 мл БИ -58 нав), ё 2-3 л шираи оҳак+ 0,5 кг купороси мис, 1 кг хоки тоза, Би 58-и нав 50 мл ва 1кг поруи гов якҷоя бо 10 лоб маҳлул намуда, молидан зарур аст. Гузаронидани коркард пеш аз гулкунӣ ва баъд аз гулкунӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо (клястеспориоз ва пӯсиши мониалӣ) бо фунгитсити Хорус 0,350 кг + 0,1-0,15 л Десис10% (инсектисит) + равғани Ариа 80% 1% (10 л), ё ин ки бо Скор 0,2 л + 0,1-0,15 л Десис 10% + равғани Ариа 80% 1% (10 л) якҷоя бо 800-1000 л об омехта, бар зидди зараррасонҳо (ғилофдори туркистонӣ, абрешимресаки ноҷуфт, ширинча) пошидан тавсия дода мешавад. Равғани Ариа 80% муғчаҳоро аз хунукӣ эмин нигоҳ медорад, барвақт шукуфтани гулҳоро суст мегардонад. Барои нағз гардолудшавии гулҳо пошидани маҳлули Coda B-Mo 200-250 мл бо 100 л об омехта муфид аст.