Барои ҷуворимакка дар моҳи феврал бояд аввал тухмиҳои дилхоҳ, яъне тезпаз ва дерпаз интихоб карда шавад. Барои кишти ҷуворимакка дар заминҳои интихобшуда аввал даровардани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ ва баъдан ҷуфткунии замин тавсия дода мешавад. Ба хотири гирифтани ҳосили барвақтӣ, аз 15-уми феврал оғоз намуда, тухмиҳоро ба тубакчаҳо ё кассетаҳо шинонидан лозим аст ва 10-уми март метавонед кӯчати сабзидаро дар заминҳои кушод шинонед. Ҳангоми ба замини кушод шинонидан, ҳатман ҳарорати хокро санҷидан лозим аст, зеро ҳарорати хок бояд 7-8° бошад.