Тавсияҳо дар моҳи феврал асосан тоза намудани замин аз боқимондаҳои зироати кишткардашуда ва алафҳои бегона, даровардани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ, ҷуфткунии замин 28-30см чуқурӣ ва тайёр кардани замин барои кишт мебошад. Инчунин, тайёр намудани тухмиҳои картошкаи барвақтӣ барои кишт ва оғози кишти картошкаи барвақтӣ мебошад. Дар ҷануби мамлакат оғози коркарди байни қаторҳо, нармкунӣ, ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин У-9 05л+Оракул МКС 1л барои як гектар, хоккашкунӣ ва мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон мебошад.