Дар моҳи феврал барои зардолу буриши шохаҳо ва шаклдиҳии дарахтони зардолу, тоза кардани ҷӯйборҳои объёрӣ, яхобмонӣ, даровардани ғизоҳо (NPK агар баъд аз ҷамъоварии ҳосил дар моҳи июл, август надароварда бошед) ва нармкунии байни қаторҳо гузаронида мешавад. Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз хояндаҳо (харгӯш, буз), сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак (2 кг оҳак+1 кг хоки тоза +1 кг поруи гов + 50мл БИ-58 Новий), ё (2-3л шири оҳак+ 0,5 кг купороси мис +1 кг хоки тоза + Би 58-и нав 50мл ва 1 кг поруи гов) якҷоя бо 10 л об маҳлул омода намуда молидан зарур аст. Гузаронидани коркард бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо дар вақти оромӣ (моеъи Бордосии 3%, гармии ҳаво аз +5°С баланд бошад) тавсия дода мешавад.
Ташкил кардани боғҳои нав ва шинонидани ниҳолҳои зардолу: ҳангоми барвақт омадани баҳор ва бедор шудани дарахтҳои зардолу коркард бо фунгитсиди Хорус 3гр-8мл Карате+20гр равғани Ариа 80% то гулкунӣ коркард кардан тавсия дода мешавад.