Мутобиқи банди 7, Протоколи ҷаласаи XIX Шўрои машваратии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли
2019 аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва бо ҷалби бахши хусусӣ Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ таъсис дода шуд.

Дар доираи Гурўҳи кории мазкур дар баробари Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин лоиҳаи Барномаи муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (стандартҳои байналмилалии Global G.AP.) таҳия карда шуд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани
усулҳои нави идоракунии инноватсионӣ ва технологӣ дар соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд.

Лоиҳаи Барномаи мазкур дар ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз
12 феврали соли 2020 муаррифӣ гардид.

Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (стандартњои байналмилалии Global G.AP.) ва нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, № 567 тасдиқ карда шуд.

Мақсад ва вазифаҳои Барнома:

  •  Фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ, техникӣ ва молиявӣ дар бахши аграрӣ ва соҳаҳои омехта барои ҷорӣ намудани талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P.
  • Васеъ кардани савияи дониши истеҳсолкунандагон ва мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба талаботи Стандарти байналмилалии Global G.A.P.
  • Арзёбӣ ва таҳлили қонунгузорӣ оид ба мутобиқат ба талаботи Global G.A.P. бо дарназардошти таҳлили таҷрибаи мавҷудбудаи амалигардонии шароит ва талаботе, ки дар муқаррароти Стандарти мазкур пешбинӣ шудаанд.
  • Мувофиқа кардани амалигардонии барномаи «G.A.P. миллӣ» («Local G.A.P «) бо котиботи Global G.A.P., ки номгўи ӯҳдадориҳоро оид ба такмили қонунгузории Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур ба самтҳои зерин таъсири мусбӣ хоҳад расонд:

— ҳамоҳангсозии системаи идоракунии бехатарии маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори инфрасохтори миллии сифат;
— беҳтар намудани шароити истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, ки ифлосшавии антропогении (биологӣ, кимиёӣ ва ғайра) маҳсулотро истисно ё пешгирӣ мекунад;
— баланд бардоштани эътимоди истеъмолкунандагон, нуқтаҳои хариду захиракунӣ ва савдои чакана ба маҳсулоти Тоҷикистон, ҳамчунин ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

investmentcouncil.tj