Яке аз бахшҳои муҳиме, ки дар қатори дигар соҳаҳо таҳлил гардида, ислоҳоти он оғоз гардид, кластерикунонии соҳаи агросаноатӣ маҳсуб меёбад.

Моҳият ва зарурият:

Таъсис ва ташаккули кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ яке аз роҳҳои муҳими беҳсозии
таъмини аҳолии кишвар бо неъматҳои моддӣ, рушди мутавозини иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ, инчунин вусъатбахшии раванди гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.

Тавре таҷрибаи муваффақи кишварҳои пешқадами ҷаҳон нишон медиҳад, масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои муфид байни истеҳсолкунандагон, захиракунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ,
таъмини хизматрасонии механикӣ, нуриҳои минералӣ, коркарди замину боғҳо, ҳамкории байни муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолкунандагон, дарёфти захираҳои молиявӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири интенсивӣ ва навовариҳо, таъмини мутахассисон, рушди инфрасохтори логистикӣ ва нақлиётӣ метавонад тавассути рушди кластерҳо дар бахши кишоварзӣ, ки роҳандозии ҳамкории тарафайнро дар доираи
занҷираи арзиши иловагии маҳсулот, яъне аз истеҳсолот то содироти маҳсулот ва гирифтани фоидаи баланд аз ҷониби ҳамаи аъзоёни кластер дар назар дорад, ҳалли худро пайдо намояд.

Барои ноил шудан ба рушди кластери агросаноатӣ ташкили низоми фаъолияти тарафайни давлат, бахши хусусӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар асоси истифодаи самараноки рушди инноватсионӣ нақши муҳим дорад.

Масъалагузорӣ ва пайгирӣ:

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур, дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли 2019, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои
машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар доираи гурӯҳи кории алоҳида масъалаҳои ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ баррасӣ гардида, ба ҷаласаи навбатии Шӯро тавсияву пешниҳодоти мушаххас манзур карда
шаванд.

Ҳамзамон, татбиқи ҳадафҳои қайдгардида тибқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-
2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.

Натиҷа:

Мутобиқи банди 7, Протоколи ҷаласаи XIX Шўрои машваратӣ аз 20 феврали соли 2019 дар доираи фаъолияти Гурўҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи “Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи
то соли 2040” таҳия карда шуд.

Санаи 12 феврали соли 2020 таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XХ Шўро баргузор гардида, дар он лоиҳаи Консепсия муаррифӣ карда шуд.

Тибқи банди 8 протоколи ҷаласаи ХХ Шӯро лоиҳаи Консепсия ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020
тасдиқ карда шуд.

Барои кластерикунонии агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии давлатӣ, аз
ҷумла тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷалби сармояҳои мақсаднок,
таъмини имтиёзҳои фискалӣ пешбинӣ гардида, он дар чор марҳила
амалӣ карда мешавад.

Татбиқи босамари Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар санадҳои дар ин самт қабулгардида барои таъмини рушди кластерӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

investmentcouncil.tj