Барои пиёзи пешпазак корҳои агротехникӣ саривақт бояд гузаронида шаванд. Инчунин кишти пиёзи дерпазак бояд давом дода шавад. Барои ин тайёр кардани замин барои кишт: ҷуфт кардани замин, даровардани ғизоҳои минералӣ (Нитроаммафоска 300кг/га, Карбамид 50кг/га ) пеш аз кишт, интихоби тухмиҳои босифат тавсия дода мешавад. Дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво ғизодиҳии пиёзи пешпазак аз барг ба таври зарурӣ тавсия дода мешавад. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин-0,5л+1,0л Оракул МКС якҷоя бо 300литр об омехта карда, пошида мешавад, ки кӯчатҳои пиёзро аз хунукиҳо эмин нигоҳ медорад.
Максут Отабеков