Барои зардолу дар моҳи декабр тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
тоза кардани боғҳо аз боқимондаҳои алафҳои бегона дар байни дарахтҳо;
- тоза кардани ҷӯйборҳои обёрӣ;
- даровардани ғизоҳои маҳаллӣ;
- ҷуфткунии байни қаторҳо;
- буриши шохаҳо;
- шаклдиҳии дарахтон;
- ҷамъоварии поруҳои органикӣ;
- тайёр кардани компост;
- даровардани поруҳои пӯсида дар байни қаторҳои зардолу;
- нармкунии байни қаторҳо;
- побел кардани таги дарахтҳо;
Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз ҳашаротҳои хоянда (харгӯш, буз) сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак, хоки тоза, заҳрдоруи Би 58-и нав ва поруи говро якҷоя намуда молидан чорабинии зарур дониста мешавад. Коркард бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо дар вақти оромӣ бояд гузаронида шавад.
Максут Отабеков