Дар даврони муосир ҳадафи асосӣ аз кишту парвариши ҳама гуна зироат дар баробари ба даст овардани ҳосили фаровону дилхоҳ, ин ҳифзи обу хоку замин ва табиати диёр аст. Ҳоло ҳамагон дарк кардаанд, ки беэҳтиромӣ ба замин ин беэҳтиромӣ ба ояндаи наслест, ки меросбари имрӯзиён ба шумор меравад.
Ҳамон тавре олими зироатшинос ва кишоварзи собиқадор Зуҳриддин Шаробиддинов иброз медорад, маводи кимиёвӣ ва заҳрогин барои самаранокии зироатҳои кишоварзӣ таъсиргузор аст, ба шарте ки он аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд набошад. Вале дар замони собиқ Шӯравӣ маводҳои кимиёвӣ ва заҳрогин беш аз ҳар гуна меъёру андоза мавриди истифода қарор гирифтанд, ки билохира, боиси вайрону хароб шудани микрофлораи табиии хок гардид. Илова ба ин, он моддаҳо сабаби паст шудани нерӯи тобоварандагӣ ва муқовиматии (иммунитети) олами набототу ҳайвонот ва инсонҳо шуданд. Маълум гардид, ки нуриҳои маъданӣ чун доруи таҳрикбахш (допинг) ба хок ва табиат таъсири ҳалокатовар расонида, охирину вопасин нерӯи онро ба нестӣ мебарад.
Саволи маъмул ва классикие дар назди олимону донишмандон матраҳ шуд: “Чӣ кор бояд кард, то замини бемору бемадору беҷон дубора нерӯ бигирад ва самаровару ҳосилхез гардад”? Посух чунин буд: «Онро, албатта, бо ғизо, яъне макро ва микроэлементҳо таъмин бояд кард!». Аммо чӣ тавр?
Тибқи дастури агротехникаи анъанавӣ барои расидан ба ин ҳадаф деҳқон бояд нуриҳои маъданӣ ворид намояд. Вале бинобар гаронии он мавод ин кор ҳоло ғайриимкон гардидааст. Гузашта аз ин, нуриҳои маъданӣ, азбаски гумус надоранд, мувозинаи ғизои табиии хокро таъмин карда наметавонанд. Агар дар замин гумус набошад, хоку растанӣ солим буда наметавонад. Дар натиҷа, кишоварз ҳамоно наметавонад ҳосили хуб ба даст биёварад.
Ҳоло ҳаллу фасли мушкили мазкурро олимони микробиолог бар дӯши хеш гирифтаанд. Онҳо муҳити зисти микроорганизмҳои фоидабахшро омӯхта, се қонуни ҳосилхезии заминро кашф кардаанд. Тибқи қонуни якум, ҳосилхезии замин тавассути «моддаҳои зинда»: бактерияҳо, занбӯруғҳо, кирмҳо ва дигар мавҷудоти зиндаи хокӣ таъмин карда мешавад. Тибқи қонуни дуввум, ғизои асосии растанӣ — гази карбон бояд ҳифз гардад. Гази карбонро растанӣ асосан аз хок мегирад, ки он аз ҳисоби нафаскашии микроорганизмҳо ва кирмҳо захира мешавад. Миқдори кислотаи карбон дар хок нисбат ба атмосфера даҳҳо маротиба зиёд аст. Аз ин лиҳоз, ҳифзи микроорганизмҳо ва кам накардани миқдори онҳо вазифаи асосии деҳқон ба шумор меравад. Барои дастёбӣ ба чунин ҳадаф истеҳсоли маҷмӯъи нуриҳои микробиологиро (МНМ) ба роҳ мондаанд.
Тибқи қонуни сеюм- микроорганизмҳои хокӣ (ошпазҳои хокӣ)-ро, ки асосан дар чуқурии 5-15 см маскан мегиранд, эҳтиёт ва ҳифз бояд кард. Вақте мо заминро бо бел чаппа мекунем, гази карбони ба растанӣ лозима ба атмосфера бухор мегардад. Бактерияҳое, ки бе ҳаво зиндагӣ мекарданд, ба ҷои пурҳаво баромада, аз ин рӯ, нобуд мешаванд. Ҳамчунин он микроорганизмҳое, ки бо ҳаво зиндагӣ мекарданд, зери хок монда, низ нобуд мешаванд.
“Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст, то қонунҳои марбутаи агротехникиро риоя намуда, батадриҷ аз истифодаи нуриҳои маъданӣ даст бикашанд. Рӯ ба маҷмуъи нуриҳои микробиологӣ (МНМ) биёваранд”, — таъкид дошт Зуҳриддин Шаробиддинов.
Ҳамон тавре намояндаи Ассотсиатсияи агробизнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Сафаралӣ Орифов иброз дошт, соли 1999 бо ибтикори номзади илмҳои микробиологӣ Маъмурҷон Абдуазизов (соли 2015 аз дунё бигзашт) дар кооперативи истеҳсолию тиҷоратии «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара истифодаи маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ (МНМ) дар парвариши зироатҳои пахтаю гандум ба роҳ монда шуд.Баъдан маводи мазкур дар пойгоҳҳо ва қитъаҳои давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт. Баъд аз панҷ сол дар ноҳияҳои Зафаробод, Вахш, Конибодом, Спитамен ба ташхиси хок шурӯъ карданд, ки натиҷаҳои хуб доданд. Бо супориши собиқ вазири кишоварзӣ Абдураҳмон Қодирӣ дар пажӯҳишгоҳҳо ва пойгоҳҳои илмию истеҳсолии ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Конибодом ва Исфара дар вилояти Суғд; ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Вахш, Панҷ, Ҷайҳун, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Ҳамадонӣ, Восеъ, Муъминобод, Кӯлоб, Балҷувон дар вилояти Хатлон; Рашт, Тоҷикобод, Файзобод дар водии Рашт; Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода дар водии Ҳисор; Шуғнон, Дарвоз, Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар парвариши ҳама навъи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, ғалладонагиҳо, сабзавот, полезиҳо ва хӯроки чорво мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2013 бо пешниҳоди олимон аз тарафи порлумони кишвар Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» қабул гардид. Соли 2015 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Биотех» ташкил гардид, ки то кунун ба истеҳсоли маҷмуъи нуриҳои микробиологӣ (МНМ) машғул аст. Истифодаи маводи мазкур дар кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара ва хоҷагии деҳқонии «Аъзам-2012»-и ноҳияи Носири Хусрав натиҷаҳои хуб доданд. Хоҷагии деҳқонии «Аъзам-2012» панҷ сол пеш аз истифодаи маводҳои заҳрогини кимиёвӣ комилан даст кашид. Соли гузашта хоҷагии мазкур бидуни истифодабарии доруҳои маъданӣ ва маводҳои кимиёвии заҳрогин аз ҳар як гектар зиёда аз 60 сентнер ҳосили пахта ба даст овард.
“Маҷмӯъи нуриҳои микробиологӣ аз чанд ҷиҳат муфид буда, аз дигар маводҳо бартарият дорад, — иброз дошт Сафаралӣ Орифов. — Он ба муҳити зист комилан безарар буда, бактерияҳои зинда барои хок муфид аст. Дар таркиби хеш 88 адад микробҳои зинда, 21 адад аминокислот, ҳашт адад витамин дорад. Бо истифодаи МНМ азотавид, фосфотавид, биогумуси хокии баргӣ ғанӣ мегардад. МНМ қабати хокро нарм ва мулоим менамояд. Дар натиҷаи фаъолияти корӣ решаю патакрешаҳоро фаъол намуда, ҳолати фитосанитариро беҳтар месозад. Нафаскашии реша дар қабати хок хуб шуда, мусоидат ба он менамояд, ки растанӣ ба беморию ҳашарот ва камобию баландшавии ҳарорат тобовар гардад. Истифодаи МНМ ба пешгирии хушкшавии шона, раванди шонаро ба гул табдил додан, гулро ба кӯрак табдил додан мусоид менамояд. Барои афзун шудани миқдори хӯшаҳо, яъне зиёд шудани ҳосил дар зироатҳои ғалладонагӣ кӯмак мерасонад. Раванди пухтарасии (феманзаи) зироатро ба муддати 8-12 рӯз суръат мебахшад. Истифодаи МНМ боиси он мегардад, ки зироатҳо аз ҳар гуна бемориҳо ва ҳашарот эмин бимонанд” – илова кард ӯ.
Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки истифодаи МНМ дар парвариши зироатҳои полезӣ, чун каду, харбуза, тарбуз, инчунин дарахтони мевадиҳанда басо муфид мебошад. Маводи мазкур дарахтҳоро аз сардиҳои ғайриинтизории моҳҳои апрелу май эмин дошта, ғӯраҳоро аз сармозанӣ наҷот мебахшад.
МНМ-ро метавон дар соҳаи чорводорӣ низ таври густурда истифода бурд. Он боиси пурборию серҳосилии говҳо, аз ҷумла, афзудани шири онҳо мегардад. МНМ-ро дар соҳаи парвариши гӯсфанд, паррандаҳо (мурғҳо) низ истифода мебаранд, ки боиси афзудани тухмнокӣ ва вазни мурғҳо мегардад.
Олимон таъкид медоранд, ки истифодаи МНМ боиси ба маротиб кам шудани воридоти нуриҳои кимиёвӣ ва моддаҳои заҳрогин ба кишвар мегардад. Аз ҷумла, соли аввали истифодабарии МНМ дар ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ воридоти доруҳои маъданӣ 50 дар сад ва маводҳои кимиёвии заҳрогин 30-40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Дар маҷмуъ истифодаи МНМ имкон медиҳад, то бо харҷи кам маҳсулоти табиӣ бидуни ҳама гуна моддаҳои кимиёвӣ ва заҳрогин парвариш гардад.
Ҳамчунин, истифодаи МНМ ба вазъи муҳити зист таъсири мусбат расонида, онро аз олудагӣ наҷот мебахшад.
Раиси хоҷагии «Мирзо Шорасулов»-и деҳаи Қалъаи Эшони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич Шоҳмирзо Шорасулов иброз дошт, ки имсол бори нахуст бо маслиҳати мутахассисон МНМ-ро чун таҷриба дар парвариши зироатҳои пиёз, тарбуз, помидор ва дарахтони мевадори олу, себ, ангур истифода бурд. Натиҷаҳо хурсандибахш мебошанд. Дар қитъаҳои замине, ки МНМ истифода шудааст, ҳосилнокӣ беҳтар буда, муҳлати пухта расидани зироатҳо нисбат ба он қитъаҳои замин, ки тавассути нуриҳои маъданӣ парвариш меёбанд, ба муддати 15-20 рӯз пештар мебошад. МНМ имкони онро фароҳам сохт, то истифодаи нуриҳои маъданӣ ва маводҳои кимиёвии заҳрогин ба маротиб кам ва коҳиш дода шавад.
“Имсол ба таърихи ҳаштуми апрел барф борид. Шаби нуҳум ба даҳуми апрел сардии ҳаво ба -2 дараҷа расид. Мо тавассути асбоби дорупошак ба дарахтони мевадиҳандаи боғамон аз МНМ пошидем. Истифодаи он дарахтонро аз сармозанӣ наҷот бахшид, ки фарқи онҳо бо дарахтони заминҳои ҳамсоя пурра дида мешуд. Ин ҳама натиҷаҳои назаррас бовару эътимоди манро ба хубию самарабахшии МНМ бештар намуд”, — бо қаноатмандӣ изҳор дошт Шоҳмирзо Шорасулов.
Тилав РАСУЛЗОДА