Дар моҳи ноябр тавсия дода мешавад, ки гармхонаро бо маводҳои гарминигоҳдорӣ таъмин созед. Барои ин метавонед аз матоъҳои махсуси гарминигоҳдорӣ, бофтаҳо аз пахоли шолӣ ва ё пленкаи полиэтилении дуқабата истифода баред. Бо баробари рушди зироати сабзавотӣ, хуруҷи касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон низ ба назар мерасад. Эҳтимолияти пайдошавии касалии почаи сиёҳ ва ё пӯсиши реша дар назар аст. Дар ин ҳолат бо маҳлули маргансовкаи 1% ва дар ҳолати вазнин шудан бо маҳлули кории 0,2%-и Курзат (10 гр бо 10 л об омехта карда) коркард кардан тавсия дода мешавад.
Ҳангоми пайдошавии ҳашаротҳои зараррасон бо маҳлули кории 0,1%-и Кораген (барои 0,1 га 10 гр-ро бо 10 л об омехта) ё 0,2%-и Би-58 Нав (Новый) (барои 0,1 га 20 гр-ро бо 10 л об омехта карда) коркард кунед.
Даровардани нуриҳои маъданӣ ва обёрикунии зироати сабзавотӣ ба растанӣ самараи хуб м едиҳад. Кӯшиш кунед, ки ҳарорат ва намии дохили гармхона мӯътадил бошад. Дар моҳи ноябр, ки ҳарорати берун сард аст, аз истифодабарии обҳои беруна даст кашед, зеро оби беруна ҳарорати паст дорад ва ҳангоми обёрикунӣ зироатҳои дар гармхона бударо нобуд мекунад. Кӯчати бодирингро бошад бо пайдо шудани зарурият нуқтаи сабзишро ба ресмонҳо печонед.
Акмал Насруллоев