Тоза кардани боғҳо аз боқимондаҳои алафҳои бегона байни дарахтон, тоза кардани ҷӯйборҳои объёрӣ, даровардани ғизоҳои маҳаллӣ ва ҷуфткунии байни қаторҳо гузаронида шавад. Дар моҳи ноябр, баъди чиниши ҳосил дар минтақаҳои кӯҳӣ буриши санитарӣ гузаронида шавад, ки самараи хуб медиҳад. Ҷамъоварии поруҳои органикӣ, тайёр кардани компост ва даровардан дар байни қаторҳои зардолу, нармкунии байни қаторҳо ва побел кардани таги дарахтҳо барои ҳосилбандии соли оянда аҳамияти калон дорад. Барои муҳофизат кардани навниҳолҳо аз хояндаҳо (харгӯш ва буз) сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак, хоки тоза, Би 58-и нав (Новый) ва поруи гов, ҳамаи инҳоро якҷоя намуда молидан зарур аст.
Максут Отабеков