Хусусиятҳои биологӣ
Зардчӯба растании бисёрсолаи якпаллагӣ буда, баргҳояш дарозрӯяи калон, решаҳояш лӯндакҳои буғумноки мураккаби бо ҳам часпида мебошад, ки панҷаҳои дасти инсонро ба хотир меорад. Асосан ду намуди зардчӯба машҳур буда, дар ҷаҳон онҳоро бо мақсади ба даст овардани решаҳояш кишт менамоянд. Яке имбир ва дигаре куркума мебошад. Ҳар дуи онҳо ба оилаи Zingiberaceae L. тааллуқ доранд.
Имбирро дар Тайланд, Хитой, Ҳиндустон, Япония, Бразилия, Австралия, Ветнам, Малазия ва мамлакатҳои тропикӣ мепарваранд. Куркумаро низ бештар дар мамлакатҳои тропикӣ ва инчунин дар Ҳиндустон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Африко кишт мекунанд.
Аз лӯндакрешаҳои горизонталӣ ҷойгирифтаи имбир ва куркума, ки диаметраш то 4-5см мебошад, якчанд танаи растанӣ инкишоф ёфта, то 90-150см қад мекашад. Танаи имбир ба танаи қамиш монанд аст, пашмак надорад. Аз ду тарафи танааш баргҳои дарозрӯяи лансетики нӯгаш борики паиҳам ҷойгирифта дорад. Бо думчалаҳои кӯтоҳ ба танаи растанӣ часпида, 18-20 см мебошад. Баргҳои куркума бошад нисбатан калон, дарозиаш 70 — 115 см ва паҳноияш 35-40 см аст. Думчалаҳояш аз 50 до 115 см дароз мебошад.
Гулҳои ҳар ду растанӣ бо гулпояҳои кӯтоҳ дар хӯшаҳо ҷой гирифта, тӯдагулро ташкил мединанд. Ранги гулбаргҳояш вобаста ба намуд ва навъ бунафши сурхтоб ё зард мебошад. Мевааш қуттичаи сехонагӣ барин буда, дар таркибаш тухмҳои майдаи сиёҳтоб тараққӣ меёбанд. Ҳамаи қисмҳои он равғани эфирӣ дошта, хушбӯй аст.
Имбир ва куркума растании тропикӣ буда, гармию намӣ ва равшанидӯст мебошанд. Лекин офтоби рост ба танааш мерасидаро намехоҳад. Дар шароити табиӣ бештар дар зери сояи дарахтон мерӯяд. Ҳарду растаниро дар баландиҳои то 1500 м нисбат ба сатҳи баҳр парваридан имконпазир аст. Ҳарорати 25-30°С ва миқдори боришоти солона 1500 мм барои нашъунамои онҳо хуб буда, дар ҳолати ҳарорати ҳаво аз 15-16°С паст фаромадан ба хоби табиӣ рафтанашон мумкин аст. Яъне нашъунаморо то соли оянда бас мекунанд.
Ҳангоми кам будани боришоти солонаи маҳал, кишти онҳо бояд ба таври сунъӣ обёрӣ карда шавад. Ҷойҳои оби зеризаминиаш наздик ва кӯлмак мешударо бад мебинанд, ҳатто решаашон мепӯсад. Ҳардуи ин растанӣ дар ҳар гуна намудҳои хок месабзанд. Лекин хоки сабуки қумнок ва лойқадори ҳосилхезро дӯст медоранд.
Барои ба даст овардани ҳосил, яъне то тайёр шудани лӯндарешаҳои имбиру куркума на кам аз 270-280 рӯз лозим аст. Аз ин сабаб иқлими на ҳама мамлакатҳо барои кишти онҳо мувофиқ меояд. Дар минтақаҳое, ки иқлими солонааш барои парваридани ин растаниҳо номусоид аст, онҳоро дар гармхонаҳои замонавӣ мепарваранд.
Навъҳои имбир хело бисёр буда, решаҳои он зарди равшан, оҳиста, дар мӯҳлати муайян қаҳваранг мегарданд. Навъи дарунаш сафед, дертар зард мешавад. Лекин навъҳое ҳастанд, ки рангҳои аҷиб доранд — сабзи равшан, зарди рахҳои осмонӣ дошта. Вобаста ба навъ баъзеи онҳо бӯи алаф, дигарӣ бӯи лимӯ ва ҳатто бӯи карасинро ҳам доранд. Инчунин навъҳои имбир бо ранги гулҳояш, шаклу ҳаҷм ва дарозию ғафсии реша аз ҳам фарқ мекунанд.
Имбир ва куркума аз як оила бошанд ҳам, лекин аз ҷиҳати морфологӣ, таркиби кимиёвии реша, инчунин аз тарзи истифодабариашон аз якдигар каме фарқ мекунанд. Аз ин сабаб ҷиҳатҳои ба ҳар кадом хос бударо барои муқоиса алоҳида тавсиф мекунем:
- ҳардуи ин растанӣ аҳамияти муҳим дошта, дар плантатсияҳои калон барои содирот кишт карда мешаванд;
- ранги решаҳои имбир нисбатан сафедтоб, таъмаш тунд ва хушбӯй мебошад;
- куркума ранги зарди тобон, бӯи тунд ва тамъи иштиҳоовар дорад. Бинобар он онро ба таъомҳо миқдоран зиёдтар илова мекунанд;
- ранги решаи куркума зарди баланд аст ва барои ҳамин онро имбири зард ҳам меноманд;
- вақти пурра пухта расидан ҳар ду растанӣ ҳам тунди тез мешавад;
- ҳардуи ин растаниро дар соҳаи тибб, хӯрокворӣ ва косметология васеъ истифода мебаранд. Зеро ҳар ду ҳам аз витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, микро ва макроэлементҳо, моддаҳои фаъоли биологӣ ва равғанҳои эфирӣ бой мебошанд;
Хусусиятҳои тиббии имбир
Номи дигари имбир «Решаи сафед» мебошад, зеро хусусиятҳои шифобахшии зиёд ва беҳамто дорад. Дар таркибаш аминокислотаҳои ивазнашаванда ва зиёда аз 400 пайвастагиҳои мураккаб дорад, ки то имрӯз пурра омӯхта нашудааст. Аз ин сабаб беҳамто дониста шудааст.
Дар таркиби решаи имбир витаминҳои С, Е, К, В1, В2, В5, В6, кислотаи фолат, ниатсин, холин ва элементҳои калий, оҳак, магний, фосфор, натрий, манган, мис, оҳан, селен ва синк мавҷуд аст. Ғайр аз ин моддаҳои мукалтини камфен, cинеол ва гингерол дорад, ки тундиаш аз миқдори он вобаста аст. Гингерол қобилияти антиоксидантию зидди шамолхӯрӣ, антибактериявӣ ва суст намудани дардро дорад.
Агар имбирро бо маслиҳати духтур мунтазам дар ҳолати тарутоза истеъмол намоем иммунитет мустаҳкам мегардад, заҳру ифлосиҳои бадан дур шуда, ҳолати умумӣ беҳтар ва зудмондашавӣ рафъ мешавад. Инунин истифодаи имбир барои пешгирии бемории грипп тавсия дода мешавад.
Истифодаи решаи имбир ҳамчун дору гардиши хуни майнаю кори ғадуди сипаршаклро беҳтар мегардонад. Хунро суюқ (рақиқ), шушро муолиҷа, мубодилаи моддаҳоро фаъол, дарди сарро бартараф, хунро тоза ва буғуму мушакҳоро ба ибро меорад. Барои бартараф намудани дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравӣ давои хуб аст. Зидди замбӯруғ, вирусҳо ва бактерияҳо таъсирбахш мебошад.
Дар соҳаи тибб хока, обҷӯш ва маҳлули дар шароб нигоҳдоштаи решаи имбирро барои беҳтар кардани захми меъда, кори органҳои ҳозима ва иштиҳо, мӯътадил кардани ҳолати найчаҳои хунгузар, халосӣ аз дарди сар ва дарди миён истифода мебаранд. Аминокислотаҳои он микрофлораи рӯдаю меъдаро мӯътадил карда, дисбактериозро нест мекунанд. Мунтазам дар чой илова карда нӯшидани имбир миқдори холестеринро дар бадан кам менамояд.
Имбир ҳоло аз тарафи олимон барои истифода бурдан ҳамчун даво бар зидди касалиҳои саратон (рак) омӯхта шуда истодааст.
Имбир инчунин дар соҳаи хӯрокворӣ васеъ истифода бурда мешавад, ба таом мазза ва бӯи хуш медиҳад.
Илова бар ин дар соҳаи косметология низ васеъ истифода бурда мешавад. Бо шарбат ё хокаи он ниқобҳои ҷавонкунанда ва тозакунандаи рӯй тайёр мекунанд ва барои рафъи ҳар гуна газакҳои рӯй (рихинакҳо) кор мефармоянд.
Дар бораи хусусиятҳои тиббии куркума дар шумораи оянда маълумот медиҳем.
ДИҚҚАТ!!! Имбир ва куркума ҳамчун дору танҳо бо маслиҳати духтур бояд истифода бурда шаванд. Истифодаи ин растаниҳо ба беморони дарди меъдаю рӯда, гурда ва ҷигар дошта, инчунин ба занҳои ҳомила ва кӯдакони то синни 6-сола қатъиян манъ аст. Ба шахсоне, ки рӯзҳои наздик бояд ҷарроҳӣ шаванд истеъмоли ин растаниҳо низ манъ аст.
Агротехникаи зардчӯба
Куркума ва имбирро аз сабаби растании тропикӣ будан дар бисёр мамлакатҳо кишт кардан душвор аст. Онҳоро танҳо дар гармхона ё даруни хона парваридан мумкин аст. Лӯндарешаҳои ҷавони онро дар масофаи 20-40 см, ба чуқурии 5-6 см дар қуттиҳо, тубакҳо ва ё дар замини гармхона шинонидан мумкин аст. Ҳарорати атрофи ҷои парвариш бояд доимо аз 20-250С гармӣ паст набошад. Замини он доим бо намии нағз таъмин ва нарм бошад. Ҳангоми ҳар обёрӣ танаи растаниро обборон кардан шарт аст.
Ҳосили баргҳои имбирро одатан ҳангоми гулбандӣ ва решаҳояшро пас аз ба охир расидани давраи нашв ҷамъоварӣ менамоянд. Решаҳояшро пас аз ҷамъоварӣ бо об мешӯянд. Аз пӯстлохаш тоза карда, дар офтоб хушк мекунанд. Ё дар хушккунакҳои барқӣ, дар ҳарорати то 500С хушк мекунанд. Решаҳои хушккардашуда ранги сафеди зардтоб, тамъи тунд ва бӯи хуш доранд.
Решаҳои куркума тамъи каме тунд дошта, вазнин мебошанд. Аз ин сабаб ҳангоми ба даруни об гузоштан ғарқ мешаванд. Решаҳояшро моҳи декабр-январ ҳангоми хазон шудани баргҳо ҷамъоварӣ менамоянд. Решаҳоро баъди 2-3 рӯзи ҷамъоварӣ дар давоми 45-60 дақиқа дар об меҷӯшонанд, то мулоим шаванд. Пас дар офтоб хушк мекунанд.
Одатан ҳамаи ҳосили ҷамъ намударо майда карда, ба хока мубаддал карда, ба содирот мебароранд. Хокаи куркумаро бояд бо миқдори кам харед ва дар банка дар ҷои соя нигоҳ доред, то ранг ва тамъи хосашро гум накунад. Дар чунин шароит онро то ду сол нигоҳ доштан мумкин аст.
Акбар Мухамедов