Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани нигоҳубини дарахтони шафтолу ҳосилнокии дарахтон зиёд гардида, умри онҳо дароз мегардад. Дар ҳолати мавҷуд будани касалии шилмбарорӣ дар танаи дарахтон, онҳоро бо корд тоза намуда, бо маҳлули 3% купороси мис ба воситаи шотка коркард намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляние краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст. Н
овобаста аз пухтарасии шафтолу бояд нигоҳубини дарахтон дуруст ба роҳ монда шавад, ки барои соли оянда замина мешавад. Обёрӣ ва муҳофизат намудан аз ҳашаротҳои зараррасон зарур мебошад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил агар ҳашаротҳои зараррасон дар дохили боғ зиёд гардад, бо инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) коркард намоед. Дар ин айём пайдоиши тортанаккана, кирми мева, ширинчаи хунин ва сабз бештар ба дарахтони шафтолу зарари ҷиддӣ мерасонанд. Коркарди байни қаторҳо, танзими реҷаи обёрӣ зарур шуморида мешавад.
Хурсандӣ Сафаралиев