Моҳи октябр чиниши ҳосили пахта, обёрӣ ва дефолятсия гузаронида мешавад. Дефолятсиякунӣ бо дефолиянтҳои РЕГЛОН СУПЕР 15% с.э, (барои 1 га 1,0-1,5л) дар вақти 50-55% шукуфтани кӯракҳо, Дробь Плюс (барои 1 га 0,1-0,2л) дар вақти 40-45% шукуфтани кӯракҳо гузаронида мешавад. Гузаронидани ин корҳо аз ҳолати нашъунамои пахта вобастагӣ дорад ва меъёри истифодабарии дефолянт ё десекант аз рӯи он муайян карда мешавад.
Максут Отабеков