Зироатҳои лӯбиёдонагӣ аз давраи гулкунӣ то пухтарасии ҳосил ба об талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, дар ин давра намии хок бояд дар ҳудуди 70-75% нигоҳ дошта шавад ва аз рӯи талаботи агротехникӣ гузаронида шавад.
Зироати мош ба ҳарорати ҳаво талаботи хоса дорад ва ҳарорати оптималӣ барои инкишофи он аз 30 то 35°С мебошад. Дар ҳолати кам гаштани намӣ ва гарм шудани ҳарорати ҳаво ҳосили паст мушоҳида мешавад. Дар моҳи октябр дар киштзори мош марҳилаи гузаронидани обёрӣ, ғизодиҳӣ мебошад.
Инчунин дар моҳи октябр оғози пухтарасиши ҳосили мош ба назар мерасад. Тавсия дода мешавд, ки бо мақсади эмин доштани сифати тухмӣ зарур аст, ки ҳосили ташаккулёфта дар муддати кӯтоҳ беталаф ғунучин карда шавад. Вақти ҷамъоварии ҳосили мош аз рӯи сиёҳшавии ғилофакҳо муайян карда мешавад. Мисол, ҳангоми пухтарасии дони мош, ранги ғилофакҳояш тағйир меёбад ва донаҳояш дар ғилофакҳо сахт мешаванд. Агар ҳосил сари вақт ҷамъоварӣ нашавад, ғилофакҳо кафида, дон ба замин мерезад.
Акмал Насруллоев