Барои лимӯ дар моҳи октябр асосан корҳои агротехникӣ, яъне обёрикунӣ, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ғизодиҳӣ аз барг гузаронида мешавад. Бо зарурат, шустани баргҳои лимӯ тавсия дода мешавад.
Обёрикунӣ бояд 1 маротиба ҳар 7-8 рӯз (намнокии хок 65-70%) гузаронида шавад.
Барои мубориза бар зидди тортанакканаи оддӣ, ширинча, сипарболакҳо бегоҳӣ бо маҳлули Энжио (2,5 мл-ро бо 10 литр об омехта), Би- 58 нав (10мл ба 10л. об омехта) коркард гузаронидан лозим аст. Дар вақти пайдошавии тортанакканаи сурх ва нуқрагин коркард бо акаритсиди Ортус (Орто Стан) (10 мл дар 10 литр об омехта) тавсия дода мешавад.
Моҳи октябр давом додани мубориза бар зидди куяи лимӯ, сафедболаки зарди гармхона бо инсектоакаритсиди Актеллик 20мл ё Данадим эксперт 10мл ба 10л об омехта, (маҳлули корӣ) коркард кунед. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин ва Оракул МКС (20 мл бо 10 л об омехта) дар вақти мевабандӣ гузаронида мешавад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.
Максут Отабеков