Гирифтани ҳосили қулфинай дар шароити замини кушод низ ба охир расида истодааст. Дар фасли зимистон аз навъҳои ремонтантӣ истифода намуда, дар дохили гармхонаҳо парвариш намудан лозим аст. Дар ҳолати таъмин намудани растаниҳо бо ҳарорати лозимӣ имконияти гирифтани ҳосили баланди қулфинай имконпазир аст. Ҳарорати дохили гармхона бояд +22 то +240 С бошад. Намнокии ҳаворо то 70 фоиз баланд намудан лозим аст. Нарм будани хусусияти механикии хок низ яке аз самтҳои ба даст овардани ҳосили баланди қулфинай мебошад. Дар мавриди истифодаи нуриҳои минералӣ, ё ин ки микроэлементҳо ва зиёд будани ғизонокии хок ҳосили он бениҳоят зиёд мегардад. Барои баланд намудани ғизонокии хок кӯшиш намудан лозим аст.
Реҷаи обёриро муназам назорат намоед. Байни қаторҳоро мунтазам коркард намуда, нуриҳои азотиро ба воситаи реша (нурии азотӣ — мочевина) ва ба воситаи барг микроэлементҳоро (барои 1 га Агровитамин — 0,5 л -ро ба 300 л об омехта менамоянд) додан лозим аст.
Барои осеб ва ифлос нагардидани ҳосили ба дастовардашуда, метавонед дар байни қаторҳо аррамайда ва ё коҳи майдаро резед. Ё ин ки кӯчати қулфинайро дар болои ҷӯякҳои бо плёнкаҳои полиэтиленӣ пӯшонидашуда шинонед. Дар дохили гармхона обёрии қатрагиро истифода намоед ва ҳатман дар мавриди обёрии қулфинай ҳарорати обро мӯътадил намоед.
Хурсандӣ Сафаралиев