Воситаҳо ва усулҳои биологӣ, ки дар муҳофизати интегратсионии растаниҳо истифода бурдан мумкин аст, бо имкониятҳои худи табиат барои мубориза бо зараррасонҳо ба даст омадаанд. Барои истифодаи ин усулҳо риояи талаботҳо оиди меъёр, вақт ва роҳҳои истифода дар шароитҳои саҳроӣ лозим аст.
Ин усулҳои мубориза истифодаи ҳашаротҳои фоиданок (душманони табиии зараррасонҳо), микроорганизмҳо (ба монанди вирусҳо, занбӯруғҳо ва бактерияҳо) ва феромонҳоро (барои ба дом андохтан, куштан ва ё халал расонидан ба зиёдшавии зараррасонҳо) дар бар мегиранд.
Истифодаи ҳашаротҳои фоиданок барои мубориза бо зараррасонҳо натиҷаи беҳтарин медиҳанд. Усулҳои биологӣ одатан таъсирнок мебошанд, агар сатҳи паҳншавии зараррасонҳо паст бошад.
Истифодаи феромонҳо бошад ба деҳқонон имкониятҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- Бо истифода аз домҳо ҳаракати зараррасонҳоро назорат карда, ба наслдиҳӣ ва зиёдшавии онҳо дар давоми мавсим халал расонидан мумкин аст.
- Домҳо зараррасонҳоро ҷалб намуда, заҳролуд ва нобуд месозанд, дар натиҷа зарурияти гузаронидани коркард бо заҳрдоруҳоро кам менамоянд.
Дар шароити Тоҷикистон бисёр намудҳои растаниҳо ҳастанд, ки хусусиятҳои табобатӣ доранд. Деҳқонон метавонанд ба муқобили зараррасонҳои ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ аз маҳлули ин растаниҳо истифода баранд. Масалан маҳлули аз сирпиёз ва ё барги картошкаю сабзӣ омода кардашуда.
Акмал Насруллоев