Ҷамъоварии навъҳои ангури дерпаз низ шурӯъ гардид, ки метавон зина ба зина то фарорасии фасли сармо идома дода, ба фурӯш бароред. Агар ангур пурра пухта расида бошад, бо воситаи қайчӣ аз думчаи он бурида, оҳиста дар қуттиҳо гузоштан лозим аст. Дар байни ҳар як қабати ангур дар дохили қуттӣ коғаз гузоред. Дар дохили қуттӣ то 4 қатор ангурро ҷой намудан мумкин аст.
Барои нигоҳдории дурударози ангур сардхонаҳо лозим аст. Агар шароити нигоҳдорӣ дошта бошед, метавонед ҳосили ангурро якбора ҷамъоварӣ намуда дар сардхонаҳо нигоҳ доред. Дар сардхонаҳои замонавӣ ангурро дуру дароз нигоҳ доштан мумкин аст. Анборхонаҳои шароиташ номусоид боиси талаф ёфтани қисми зиёди ангури нигоҳдошташаванда мегардад. Ангур барои нигоҳдорӣ бояд бенуқсон, яъне дар дохили хӯшаи ангур ягон долаки пӯсида набошад. Долаки пӯсида боиси пӯсидани боқимондаи хӯшаи ангур мегардад. Ҳарорат барои нигоҳдории ангур дар сардхонаҳо аз +1 то +30 С мебошад.
Шумо метавонед навъҳои ангури дерпазро ба мисоли навъи ангури Тойфии гулобиро дар таҳхонаҳо, бом ва айвонҳои салқин овезон намуда нигоҳдорӣ намоед. Агар думчаи хӯшаи ангур дар дохили қуттиҳои обдор бошад, метавонад дуру дароз нигоҳ дошта шавад.
Токзори ангурро баъд аз ҷамъоварии ангур беназорат гузошта намешавад. Агар фасли тирамоҳ хушк ояд, ҳатман бояд токзор обёрӣ карда шавад. Дар давоми давраи оромӣ ҳолати токзорро назорат кардан лозим аст.
Хурсандӣ Сафаралиев