ИСО (маҳлули оҳаку сулфур) бар зидди касалиҳои қӯтур, гардзанӣ, переноспороз, пўсиши хокистарранг ва гарди ток бисёр муфид аст. Он пўстлохи дарахтонро аз шукуфаю занбӯруғҳо тоза мекунад, ҳашароти зараррасонро нобуд месозад. ИСО аз қадим машҳур буда, дар замони Шўравӣ дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешуд. Аз сабаби пайдо шудани заҳрхимикатҳои бешумор ва надонистани тарзи дурусти тайёр кардан ИСО онро хеле кам истифода мебаранд.
Барои тайёр кардани ҷўшобаи оҳаку сулфур, хокаи олтингўгирди кўфташуда истифода мебаранд:
- олтингўгирдро дар об тар карда, аз он хамира тайёр кунед;
- дар зарфи дигар оҳакро ҳал кунед;
- пас аз ба охир расидани шукуфондан ба оҳак баробар хамираи олтингўгирдро омехта кунед;
- то тайёр шудани маҳлул об илова кунед;
- таносуби қисматҳои маҳлул: 2 қисм олтингўгирд, 1 қисм оҳак, 17 қисм об;
- маҳлулро дар оташи паст мунтазам омехта кунед;
- ба он оби ҷўшидаро то сатҳи аввалаш илова намоед;
- муддати як соат ҷўшонед;
Обҷўши тайёршударо маҳлули модарӣ (маточный отвар) меноманд.
Маҳлули оҳаку сулфур органикӣ ҳисобида шуда, онро дар зироаткории органикӣ истифода бурдан самараи хуб медиҳад.
Акмал Насруллоев