Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани нигоҳубини дарахтони шафтолу ҳосилнокии дарахтон зиёд гардида, умри онҳо дароз мегардад. Сабаби асосии камумр гардидани дарахти шафтолу ин таъсири касалиҳои занбӯруғӣ, бактериявӣ ва шилмбарорӣ мебошад. Бо риояи дурусти парвариш ва несту нобуд намудани касалиҳои номбаршуда, мӯҳлати дароз ҳосили дилхоҳи шафтолуро гирифтан мумкин аст. Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва паст шудани намнокии хок касалиҳои занбӯруғӣ ва бактериявӣ низ дар дохили боғ камтар шудан мегирад. Сабаби рушди ин касалиҳо намнокии баланди ҳаво ва мавҷуд будани спораҳои ин касалиҳо мебошад.
Дар ҳолати мавҷуд будани касалии шилмбарорӣ дар танаи дарахтон онҳоро бо корд тоза намуда, бо маҳлули 3% купороси мис ба воситаи шотка коркард намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляние краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст.
Дар ин аём, пайдоиши тортанаккана, кирми мева, ширинчаи хунин ва сабз бештар ба дарахтони шафтолу зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз, бар зидди онҳо пошидани инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.
Коркарди байни қаторҳо ва танзими реҷаи обёрӣ зарур шуморида мешавад.
Хурсандӣ Сафаралиев