Дарахти чормағз ба гурӯҳи дарахтони мевадиҳандаи намидӯст дохил мешавад. Аз ин лиҳоз дар минтақаҳои кӯҳӣ аз намнокии табиӣ таъмин ва ҳарорати ҳавои мӯътадил дошта ҳосили фаровон медиҳанд. Барои ҳамин дар ин моҳ яке аз чорабиниҳои асосӣ ин обёрии дарахтони чормағз ба шумор меравад. Дар ҳолати бениҳоят гарм шудани ҳарорати ҳаво ва паст будани намнокии хок хушкшавии баргҳои болои дарахтон ба мушоҳида мерасад, ки ин қобилияти таъмин карда натавонистани баргҳо бо об мебошад.
Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва паст гардидани намнокии ҳаво касалиҳои занбӯруғӣ ва бактериявӣ низ дар дохили боғҳои чормағз камтар ба назар мерасад.
Лекин ҳашаротҳои зараррасон зарари худро расонида истодаанд. Дуруст мушоҳида намудан лозим аст, ки кадом намуди ҳашаротҳо дар дохили боғ ба назар мерасад.
Дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба монанди кирми мевахӯраки чормағз, тортанакканаи намадии чормағз, куяи чормағз пошидани яке аз ин инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад. Заҳрдоруҳоро бо истифода аз дорупошакҳои фишорашон баланд пошидан лозим аст, ки пурра дар сатҳи шоху навда маҳлули корӣ рафта расад.
Мӯҳлати пухтарасии меваи чормағз низ фаро расида истодааст. Яке аз нишонаи пухтарасии чормағз ин 70 то 80 % кафидани рӯйпӯши он мебошад.
Дар мавриди барвақт ҷамъоварии мева, мағзи он хушк ва ҳаҷман майда шуда, сифаташро гум мекунад. Пас аз чидани ҳосил бо тезӣ онро аз пӯсташ ҷудо намуда, бо оби тоза ё оби сернамак шуста хушк мекунанд. Меваи чормағзро дар ҷойҳои хушку ҳарораташ 100С нигоҳ медоранд. Дар ҳарорати 30С аз 1 сол зиёдтар меистад. Дар яхдонҳои ҳарораташ 00С буда, то 2-3 сол нигоҳ доштан мумкин аст.
Хурсандӣ Сафаралиев