Корҳои агротехникие, ки моҳи сентябр бояд иҷро карда шавад — ин тайёрӣ ба ғунучини ҳосили пахта, обёркунӣ бо зарурият, гузаронидани дефолясия бо дефолиянтҳои (РЕГЛОН СУПЕР 15%) 1,0-1,5 л/га дар вақти 50-55% шукуфтани кӯракҳо, Дробь Плюс (0,1-0,2 л/га), дар вақти 40-45% шукуфтани кӯракҳо, (десекатсия 60-65% шукуфтани кӯракҳо), ин чорабинӣ ҳолати нашъунамои пахтаро ба назар гирифта меъёри истифодабари дефолянт ё десекант муайян карда мешавад. Ба пахтаҳои дер кишт карда шуда, истифода бурдани усулҳои биологӣ низ тавсия дода мешавад. Агар пайдошавии кирми ғӯза зиёд ба назар расаду ҳашаротҳои фоидавор онҳоро назорат карда натавонанд, бояд усули кимёвиро истифода барем. Бар зидди кирми пахта ва сафедболак инсектисидҳои Энжио (барои 1 га 200-250гр бо 300 об омехта), Аваунт (барои 1 га 0,450 л бо 300 л об омехта) бегоҳӣ пошидан лозим аст. Бар зидди тортанаккана акарасиди Омайт 57% (барои 1 га 1,5 л бо 300 л об омехта), Вертимектин (барои 1 га 0,6л бо 300 л об омехта) бегоҳӣ пеш аз обёрикунӣ бояд коркард кард.
Максут Отабеков