Дар моҳи сентябр дар минтақаҳои кӯҳӣ марҳилаи нигоҳубин ва обёрии зардолу мебошад. Гузаронидани обёрикунии кӯтоҳмуддат, буриши санитарӣ, коркарди кимиёвӣ бар зидди зараррасонҳо (ширинча, гамбӯсаки сиёҳи зардолу ва ғ.) ба манфиати ҳосили соли оянда аст.
Аз ҷумла, дар даҳрӯзаи якуми моҳи сентябр, баъди ғунучини ҳосил, ба дарахтон барои поягузорӣ ба ҳосили соли оянда ғизодиҳӣ аз реша ва ҳам аз барг тавсия дода мешавад. Ин чорабинии агротехникӣ барои қувват бахшидан ба дарахтон, баланд бардоштани устувории онҳо ба хунукиҳои дар пеш истода ва дар оянда пайдо кардани шохҳои ҳосилдиҳанда муфид мебошад.
Максут Отабеков