Корҳои агротехникие, ки моҳи июл бояд иҷро карда шаванд нармкунии байни қаторҳо, обёрикунӣ, тоза намудани замин аз алафҳои бегона, ғизодиҳӣ, гузаронидани чеканка (нӯгкан кардан) ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон мебошад. Истифода бурдани усулҳои биологӣ низ тавсия дода мешавад. Инкишофи растанӣ ва шароити заминро ба назар гирифта, бояд ғизодиҳиро то 15 июл ба итмом расонид. Агар пайдошавии кирми ғӯза зиёд ба назар расад ва ҳашаротҳои фоидаовар онҳоро назорат карда натавонанд, усули кимёвиро истифода баред. Инсектитсиди Энжио (барои 1 га 200-250гр-ро бо 300л об омехта) бегоҳӣ пошидан лозим аст. Бар зидди тортанаккана акаратсиди Омайт 57% (сафед) (барои 1 га 1,5 литр дар 300 литр об омехта) бегоҳӣ пеш аз обёрикунӣ коркард кунед. Обёрӣ бояд дар вақташ гузаронида шавад.
Чеканка ҳангоми пайдоиши 14-16 шоҳҳои ҳосилдиҳандаи ғӯза ва дар вақти ба 1-1,1м расидани қади пахта гузаронида шавад. Гузаронидани чеканка паҳншавии кирми ғӯзаро нигоҳ медорад. Баъд аз 15 июл ғизодиҳӣ аз барг Кодафол (барои 1 га 0,750 л-ро бо 300 л об омехта) бояд бегоҳӣ гузаронида шавад, ки ин сифати нахи пахтаро баланд намуда, ба тез пухта расидани пахта ва вазниншавии кӯрак оварда мерасонад.
Махсут Отабеков