Давраи авҷи ҳосили якуми қулфинай ҳам дар шароити замини кушод ва ҳам дар шароити замини пӯшида ба охир расида истодааст. Навъҳои оддии қулфинай дар давоми давраи нашв 2 маротиба ҳосил медиҳанд. Барои гирифтани ҳосили доимии қулфинай аз навъҳои ремонтантӣ, ки дар як давраи нашв 3 – 4 маротиба ва аз он ҳам зиёд ҳосил медиҳанд истифода намудан лозим аст.
Пӯшонидани болои киштзори қулфинай бо тӯрҳо имконият медиҳад, ки растанӣ ва ҳосили он аз ҳашаротҳои зараррасон ва паррандаҳо ва инчунин аз нури баланди офтоб зарар набинад.
Растании қулфинай ба ғизонокӣ ва намнокии хок бениҳоят серталаб аст. Дар мавриди истифодаи нуриҳои минералӣ, ё ин ки микроэлементҳо ва зиёд будани ғизонокии хок ҳосили он бениҳоят зиёд мегардад. Аз ин сурат, барои баланд намудани ғизонокии хок кӯшиш намуда, реҷаи обёриро мунтазам назорат кардан лозим аст.
Нарм будани хусусияти механикии хок низ яке аз самтҳои ба даст овардани ҳосили баланди қулфинай мебошад. Байни қаторҳоро мунтазам коркард намуда, нуриҳои азотиро ба воситаи реша (мочевина) ва ба воситаи барг микроэлементҳоро (барои 1 га Агровитамин — 0,5 л -ро ба 300 л об омехта) додан лозим аст.
Барои осеб ва ифлос нагардидани ҳосили ба дастовардашуда метавонед дар байни қаторҳо аррамайда ва ё коҳи майдаро резед, ки он ҳам барои нигоҳ доштани намнокии хок низ хизмат мекунад. Гузаронидани ин чорабиниҳо ва риояи мунтазами технологияи парвариш, омили гирифтани ҳосили баланд мебошад.
Хурсандӣ Сафаралиев