Муҳофизат аз касалию зараррасонҳо: Ҳангоми пайдошавии касалии почаи сиёҳ ва ё пӯсиши реша бо маҳлули маргансовкаи 1% ва дар ҳолати вазнин шудан бо маҳлули кории 0,2%-и Курзат коркард кунед. 10 гр Курзатро бо 10 л об омехта карда, истифода баред.
Ҳангоми пайдошавии ҳашаротҳои зараррасон бо маҳлули кории 0,1%-и Кораген (барои 0,1 га 10 гр-ро бо 10 л об омехта) ё 0,2%-и Би-58 Нав (барои 0,1 га 20 гр-ро бо 10 л об омехта) коркард кунед.
Моҳи июн дар минтақаи агроиқлимии Қурама (ноҳияҳои фарогир Ашт, Б. Ғафуров, ш. Истиқлол) ҳавои гарм ба қайд гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, рӯзона дар вақти баланд шудани ҳарорат як ё ду тарафи плёнкаи гармхонаро кушода мондан лозим аст. Плёнкаро ҳатман пас аз тулӯи офтоб маҳкам намоед.
Кӯчатҳои сабзавотро бо Агровитамин (барои 0,1 га 15-20 гр-ро бо 10 л об омехта) коркард кардан тавсия дода мешавад.
Алафҳои бегонаи пайдошударо зиёд нашуда чидан лозим аст. Дар ҳолати зарурӣ болои хокро нарм намоед. Дар хоки нарм нафаскашии растаниҳо беҳтар аст.
Обёрии зироат дар гармхона: Дар аксарияти гармхонаҳо низоми обёрии қатрагӣ насб карда шудаанд. Ҳангоми истифодаи обёрии қатрагӣ кӯшиш кунед, ки қатраҳои об ба решаи растанӣ наздик нарезанд, балки 10 см дур аз он бошанд, вагарна аз ин ҳолат растанӣ ба норасогии ҳаво дучор мешавад.
Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев