Корҳои агротехникие, ки дар моҳи июн бояд иҷро карда шаванд обёрӣ, хишовакунӣ ва муҳофизати кимиёвӣ аз алафҳои бегона, ғизодиҳии асосӣ (2 бор) ва аз барг (3 бор) мебошанд.
Барои пешгирӣ ва муҳофизат аз касалиҳои гардзании пероноспороз бо Ридомил Голд (барои 1 г 1,0-1,5 кг-ро бо 300-400 л об омехта), аз алтернариоз, пӯсишҳои ҳархела – бо Курзат Р (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 300-400 л об омехта), ё бо Квадрис (барои 1 га 0,8 л-ро бо 300-400 л об омехта) ва ё бо Браво (барои 1 га 2,3-3,0 л-ро бо 300-400 л об омехта) коркард гузаронидан тавсия дода мешавад.
Дар минтақаи агроиқлимии Вахш (Ёвон) (ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ёвон) барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ҳамаи ин чорабиниҳоро гузаронидан зарур аст. Аз ҷумла: обёрӣ, хишовакунӣ ва мубориза бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон, ғизодиҳии асосӣ 2 маротиба ва аз барг 3 маротиба. Мубориза бар зидди алафҳои бегона, масалан, алафҳои сӯзанбарги 1-сола (3-5 барга) бо гербитсиди Зеллек Супер ва ё Селект (барои 1 га 1-1,5 л бо 300 л об омехта) ва бисёрсола (10-15 см) бо гербитсиди Зеллек Супер ва ё Селект (барои 1 га 1,5-2,0 л бо 300 л об омехта) бояд коркард карда шаванд. Ҳангоми пайдоиши пашшаи пиёз, кирми тирамоҳӣ ва гӯсоласар бо маҳлули инсектитсидҳои ЭНЖИО (барои 1 га 0,250 л-ро бо 300 л об омехта), ё Нурелл Д (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта) ва ё Фюри (барои 1 га 0,3 л-ро бо 300 л об омехта), трипси тамоку — Вертимектин (барои 1 га 0,5 л) + Моспилан (барои 1 га 0,3 кг) ва ё Ланнат (барои 1 га 1,5 л) + Моспилан (барои 1 га 0,3 кг) бо 300 л об омехта) гузаронидани коркард ҳатман бегоҳӣ тавсия дода мешавад.Дар минтақаи агроиқлимии Вахш (Кофарниҳон) (ноҳияҳои фарогиранда: Рӯдакӣ – ҷамоати Эсанбой, Н. Хисрав, Шаҳритус) ва минтақаи Вахш (Қӯрғонтеппа) (ноҳияҳои фарогиранда: Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Панҷ, Леваканд, Хуросон, Ҷайҳун) гузаронидани обёрӣ ва ҷараёни чиниши ҳосил рафта истодааст.
Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев