Дар бисёр минтақаҳои агроиқлимии ҷумҳурӣ аллакай навъҳои пешпази гелос ба пухтан шурӯъ намудаанд. Ҷамъоварии ҳосили гелос низ яке аз чорабиниҳои муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад. Дар вақти ҷамъоварии ҳосили гелос кӯшиш ба харҷ диҳед, ки зинапояҳои поядорро истифода намоед, то ки ба дарахтони гелос зарар нарасонед. Дар бисёр маврид дар вақти ҷамъоварии ҳосили гелос коргарон болои дарахт баромада ё ин ки зинапояҳои бепояро дар танаи дарахт гузошта ҳосили онро ҷамъоварӣ менамоянд, ки ин боиси шикастани шоху навдаҳо ва муғчаҳои ҳосилдиҳанда мегардад. Дар ин ҳолат дарахтон соли оянда ҳосили дилхоҳ дода наметавонанд. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил низ фаромӯш накунед, ки дарахтони боғро дуруст нигоҳубин намоед. Нигоҳубини дурусти боғ замина барои ба даст овардани ҳосили баланд дар соли оянда мебошад.
Навъҳои миёнапаз ва дерпази гелос ҳоло дар давраи рушди мева қарор доранд. Баъд аз ин боришоти бардавом ба дарахтони гелос фунгисиди Скорро (барои 1 га 300 г-ро бо 1000 л об омехта) бар зидди касалии клястероспориоз ва монилиоз истифода баред.
Дар мавриди мавҷуд будани сипарболаки колифорнӣ, ширинча, мевахӯраки гелос ва дигар ҳашаротҳои зараррасон гузаронидани коркард бо яке аз ин инсектисидҳо: Каратэ (барои 1 га 0,5 л-ро бо 1000 л об омехта), Актеллик (барои 1 га 2,0 л-ро бо 1000 л об омехта) ва ё Конфидор (барои 1 га 250 мл-ро бо 1000 л об омехта) зарур аст. Дар навъҳои пешпази гелос баъд аз ҷамъоварии пурраи ҳосил коркарди кимиёвиро дар мавриди зарурӣ истифода намоед.
Навдаҳои аз бехи дарахтон сабзидаро тоза намудан лозим аст. Агар дарахтон ба касалии шилмбарорӣ гирифтор шуда бошанд, ҷои захмҳоро бо маҳлули 3% купороси мис тоза намуда, баъд аз он бо рангҳои равғанӣ (масляние краски) ҷои захмро ранг кардан лозим аст.
Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад. Агар шохсор бениҳоят анбӯҳ гардида бошад, метавонед қисман навдаҳои нолозими навсабзидаро бурида партоед. Ин амал имконият медиҳад, ки нури офтоб дар дохили шохсор хуб нурпошӣ намуда, ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд.
Хурсандӣ Сафаралиев