Тағйирёбии иқлим, кам шудани масоҳати заминҳои корам ва сол аз сол зиёдшавии аҳолии кураи Замин ҳамаро ба ташвиш овардааст. Инчунин тағйирёбии иқлим махсусан кори кишоварзонро душвор карда, моенаҳои зиёде эҷод менамояд. Масалан, дар моҳи июн аз ҳад зиёд шудани гармӣ ва зиёд гардидани талабот ба об, дар натиҷа хушк шудани зироатҳои киштшуда бисёр ба назар мерасад. Ин омилҳо ба деҳқонон таъсирҳои зиёд мерасонанд. Инсоният дар гармӣ ва хунукӣ барои худро нигоҳ доштан ҳамеша мубориза бурда, худро мутобиқ мекунад. Аз ин хотир, кам кардани таъсири хушкӣ ва гармӣ ба парвариши зироат ва самаранокгардонии кишоварзӣ низ басо муҳим мебошад.
Cамаранок ва мувофиқи меъёр истифодабарии оби обёрӣ шаванда дар моҳи июн аҳамияти калон дорад. Ташкили баҳисобгирии истифодаи об қадами аввалин барои сарфаи об ҳангоми обёрӣ мебошад. Барои баҳисобгирии дурусти истифодаи об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ зарур аст таҷҳизоти обченкунак, ки сарфаи обро аниқ муайян менамояд, истифода баред. Обченкунак – ин як қисми тақсимотии иншооти гидротехникӣ мебошад, ки аз он об аз як тараф ба тарафи дигар мегузарад.
Маъмулан дар ҷӯйборҳои Ассотсиатсияҳои Истифодабарандагони Об обченкунакҳои стандартии зерин барои чен кардани оби истифодашуда тавсия дода мешавад:
- Обченкунаки Томсон;
- Обченкунаки Чиполетти;
Обченкунаки Томсон (ОТ-90) барои чен кардани сарфи об то 50 л/с пешбинӣ шудааст. Ин обченкунак ҳамчун конструксияи мобилӣ ва ё доимӣ сохта мешавад.
Обченкунаки Чиполетти ОЧ-50 барои ҷӯйборҳое, ки обгузарониашон аз 5 то 80 л/с ва ОЧ-75 барои ҷӯйборҳои обгузарониашон аз 15 то 230 л/с пешбинӣ шудаанд.
Истифодабарии ҳамин гуна таҷҳизот барои муайян кардани оби истифодабурдаи ҳар як деҳқон тавсия дода мешавад. Зеро дар мавсими гармо, бо идора намудани оби обёришаванда, захираҳои обӣ сарфа шуда, нобудшавии қабати ҳосилхези хок пешгирӣ карда мешавад. Инчунин, идора намудани меъёри оби истифодашаванда вобаста ба талаботи растанӣ ва намии хок, заминро аз шӯршавӣ эмин нигоҳ дошта, ба шароити иқтисодии ҳар як деҳқон таъсири мусбӣ мерасонад.
Дар баробари самаранок истифода бурдани оби обёришаванда дар моҳи июн, гузаронидани 2-3 маротиба коркарди байниқаторӣ низ самараи хуб медиҳад. Аз ин лиҳоз, тавия дода мешавад, ки ҳар чӣ бештар коркарди байниқаторҳо дар киштзорҳо гузаронида шаванд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал оиди насби обченкунакҳо метавонед бо мо дар тамос шавед (+992928242424).
Акмал Насруллоев