Корҳои агротехникӣ барои ин моҳ ин сафолакшиканӣ, каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обёрӣ мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд. Инчунин, саривақт ва босифат гузаронидани корҳои агротехникӣ касалиҳоро пешгирӣ менамояд. Ғизодиҳӣ аз барг ва реша бо Агровитамин — 0,5 л ва ё Атонник – 150 мл-ро бо 300 л об омехта (3 бор бо фосилаи 10 рӯз) якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад. Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон рушд ёфта истодаанд. Дар киштзор истифодаи домҳои феромонӣ, Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Барои муҳофизат аз куяи ҷуворимакка ҳангоми 7-8 барг пайдо шудан бо Нурелл Д (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об омехта), кирми пахта ҳангоми баландии растанӣ то 40-45 см шудан бо Аваунт (барои 1 га 0,450 л-ро бо 300 л об омехта) бо фосилаи 10-15 рӯз коркард кардан лозим аст.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков