Чормағз низ яке аз меваҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ буда, барои гирифтани ҳосили баланду хушсифат коркарди байни қаторҳои боғ гузаронида шуда, ғизоҳои азотию фосфорӣ дода шавад.
Солҳои охир чормағззорҳо аз касалиҳои занбӯруғию бактериявӣ зарари ҷиддӣ мебинанд, ки сифати молии онҳо паст гардида, истеъмоли он ғайриимкон мегардад. Бештар чормағззорҳо аз касалии бактериоз ва марсония осеб мебинанд. Сабаби пайдоиши ин касалиҳо боришоти давомноки аввали фасли баҳор ва мавҷуд будани манбаи ин касалиҳо дар шоху танаи дарахтон мебошад. Дар натиҷаи баланд гардидани намнокии ҳаво шароит барои рушди ин касалиҳо муҳайё гардида, рушд менамояд. Барои бартараф кардани ин касалиҳо пошидани препарати Хорус (барои 1 га 0,2 кг-ро бо 1000 л об омехта) ва инчунин препаратҳое, ки дар таркибашон мис доранд, тавсия дода мешавад.
Пошидани заҳрдоруҳо бар зидди ҳашаротҳои зараррасон низ яке аз чорабиниҳои зарурӣ ба шумор меравад. Дар мавриди мавҷуд будани ҳашаротҳои зараррасон ба монанди кирми мевахӯраки чормағз, тортанакканаи намадии чормағз, куяи чормағз пошидани яке аз ин препаратҳо Карате (барои 1 га 0,4 л-ро бо 1000 л об омехта ), ё Детсис (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта), ё Конфидор (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) тавсия дода мешавад.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков
Хурсандӣ Сафаралиев