Боғпарварони ноҳияи  Лахш  соли 2019-ум 6055 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2018-ум 495 тонна зиёд мебошад.

Корхонаи дӯзандагии «Сумая»-и ноҳияи мазкур ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро пурра бо либоси ягонаи мактабӣ, ки нархи дастрас доранд, таъмин менамояд. Соли 2019  корхонаҳои саноатии ноҳияи мазкур ба маблағи 10 миллиону 590 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода  зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Зимни нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2019 дар 3147 гектар замини хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи мазкур картошка кишт карда шуд, ки нисбат ба дурнамо 347 гектар зиёд мебошад. Соли 2019 аз ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 100 ҳазору 11 тонна картошкаи   хушсифат ҷамъоварӣ  гардид, ки  то имрӯз зиёда аз 70 ҳазор тоннаи он ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ содирот шудааст.

Зикр шуд, ки соли сипаригардида кишоварзони ноҳия дар майдони 78 гектар боғҳои нав бунёд намуда,  15 гектар боғҳои кӯҳнаро барқарор карданд. Натиҷаи меҳнати софдилонаи боғпарварон буд, ки дар ноҳия соли 2019 истеҳсоли мева зиёд гардид.

khovar.tj