Тоҷикистон мехоҳад сайёҳии кишоварзиро, ки дар бархе аз кишварҳои урупоӣ маъмул аст, рушд диҳад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад барои ҷаҳонгардон як хатсайри нави сайҳӣ — агратуризмро пешкаш кунанд.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо дар мавсими ҷамъоварӣ ва хушкондани меваҳо ба роҳ монда шудааст.
Хатсайрҳои сайёҳӣ ангурбоғҳои шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор, зардолузори шаҳри Исфара, боғҳои гелос, зардолуву шафтолу дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ҳисор, анорбоғхои шаҳри Норакро дар бар мегиранд.
Fайр аз ин, ҳавасмандии сайёҳон барои ширкат дар мавсими ҷамъоварии пахта вам мева низ зиёд аст.
Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.
Ҳамчунин деҳаҳое, ки дар онҳо унсурҳои фарҳангию қадимаи миллӣ то ҳанӯз пойбарҷост ва имкониятҳои кишоварзӣ фаровонанд, дар хатсайрҳои сайёҳӣ ҷой дода мешаванд.
Яке аз афзалиятҳои дигар барои рушди сайёҳии аграрӣ дар мамлакат-ин таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ мебошад.
Намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои “Сада”, “Меҳргон”, идҳои “Харбуза ва асал”, эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад.
Чорабиниҳои мазкур барои густариши агротуризм мусоидат намуда, минбаъд сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ҷашнҳо ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд.
Тибқи таҳлилҳо, агротуризм ҷанбаҳои зиёдеро фаро гирифта, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши занҷираи арзиши иловашуда, бо нархҳои қобили қабул фурӯхтани маҳсулот ва афзоиши даромад, муаррифии имкониятҳои сайёҳиву кишоварзӣ ва анъанаҳои миллӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад.
Дар ин замина, зина ба зина ҳамаи имкониятҳои соҳа мавриди истифода қарор дода шуда, хоҷагиҳои деҳқониву шахсони алоҳида барои ҳамкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” омадааст, ки сайёҳӣ аксаран ҳамчун воситаи асосии дастгирии минтақаҳо, махсусан минтақаҳои кўҳӣ ва дурдасти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, заминаи асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо ба шумор меравад.
Дар заминаи ҳадафҳои олии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва бо назардошти афзалиятноку ояндадор будани агротуризм дар ҷумҳурӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ дар нақша дорад, ки “Барномаи миёнамуҳлати рушди сайёҳии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” қабул карда шавад.