Мукаммалгардонии шабакаҳои обёрӣ ва идоракунии захираҳои обӣ ҳамеша тавассути табодули фикру таҷриба ва дониш байни созмонҳои шарик асос меёбад. Мубодилаи ақида ва методологияҳо метавонад манбаи самаранокии навоварӣ ва ҳамкориҳо гардад.
Ҳафтаи гузашта Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Ассотсиатсияи ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен дар Тоҷикистон бо мақсади пайдо кардани роҳҳо барои тақвият бахшидан ва васеъ намудани имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти беҳгардонии обистифодабарӣ ва ирригатсия вохурӣ гузаронданд.
Дар рафти вохурӣ роҳбарият ва роҳбарони лоиҳаҳои ҳарду ташкилотҳо оид ба усулу воситаҳои нави инноватсионӣ ба монанди барномаи АкваКроп (ки аз ҷониби ФАО таҳия шудааст), иншооти обченкунии Репрогл (аввалин бор дар ноҳияи Ваҳдат, Тоҷикистон дар доираи яке аз барномаҳои ҳамкории техникии ФАО амалӣ шуда буд – нисбатан иншооти камарзиши ченкунии ҷараёни об барои истифода дар маҷрои кушоди каналҳои обёрикунӣ, ки дорои барномаи ВинФлюм (WinFlume) мебошад, ки иншооти обченкуниро тарҳрезӣ карда, ченак чӯби саҳеҳро дастрас мегардонад ва иншооти обченкуние, ки маълумотро таҳвил медиҳад, ки бунёди онҳо ба наздикӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи Фонди бунёди сулҳ (PBF) ба нақша гирифта шудааст, сӯҳбат оростанд.
Дар моҳҳои наздик ФАО гузаронидани семинари миллӣ оид ба истифодаи барономаи АкваКропро http://www.fao.org/aquacrop бо мақсади беҳгардонии самаранокии истифодабарии захираҳои обӣ ва банақшагирии обистифодабарӣ барои муҳандисон-гидротехникҳои ҷавони маҳаллӣ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар нақша дорад.
“Чунин ташаббусҳо хеле муҳиманд, онҳо бомуваффақ паҳннамоии дониши амалӣ ва назариявиро байни кормандони муҳими созмонҳои шарик ва ташкилотҳое, ки ба идоранамой ва истифодаи шабакаҳои объёрӣ алоқаманданд ва мутахассисон оид ба масъалаҳои сиёсат дар соҳаи обро муттаҳид мегардонад” гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
“Баҳри ноил шудан ба истифодабарии самаранок ва ҳамаҷонибаи захираҳои об мо бояд саъю кӯшиш, таҷриба ва дониши худро якҷоя кунем.”
ФАО барои ҳамкорӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ, хусусан дар саъю кушишҳои онҳо барои беҳгардонии системаи ирригатсия ва обистифодабарии самаранок ҷидду ҷаҳд мекунад. Ҳадафи мазкур тавассути кӯшишҳои ҳамоҳанг, аз он ҷумла маълумотнокӣ, кӯмаки техникӣ ва молиявӣ ба анҷои расонида мешавад.
БУНАФША АЗИМОВА
Мутахассиси иртиботот
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org