Тӯли 11 моҳ карам ду баробар, бензин- қариб 18% ва билетҳои ҳавопаймоӣ – 23% гарон шуданд.
Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4% баландтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,8%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 5,5% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 5,8% боло рафтааст.
Нимсолаи дуюм ҷараёнҳои таваррумӣ тақвият ёфтанд: нимсолаи аввал мизони таваррум – ҳамагӣ 0,8% ва панҷ моҳи охир – 4,3%-ро ташкил дод.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дода буд.
Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-октябр аз ҳама бештар қимат шуданд?
Маҳсулоти хӯрокворӣ:
Карам – 2 баробар
Сабзӣ- 1,9 баробар
Маска – 31,5%
Биринҷ – 19,3%
Равғани пахта – 11,1%
Орди навъи якум – 10,3%
Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:
Бензин — 17,9%
Матои абрешим — 11,9%
Дастгоҳҳои маишӣ — 9,6%
Маҳсулоти дорусозӣ — 8,5%
Гази моеъ – 7,8%
Семент — 7,2%
Воситаҳои шустушӯ — 5,7%
Хизматрасониҳо:
Нақлиёти мусофирбари ҳавоӣ – 23,6%
Нерӯи барқ – 14,9%
Обтаъминкунӣ ва обу корез — 10,4%
Равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ — 1,9%